Корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ
Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Парандапарварӣ дар таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоии сафедадор мавқеи муҳим дорад.
Таърих
вироишТибқи маълумоти оморӣ (то 1.12.2013) дар корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ ва хоҷагиҳои соҳибкорони кишвар 1,7 млн сар паранда парвариш ёфта, 188,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст. (нигаред [1])
Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар Тоҷикистон 228 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ин 101 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухм, 113 адад корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 6 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.[1]
Корхонаи нави парандапарварӣ
вироишАз ҷумла, дар вилояти Суғд 6 адад корхонаи нави парандапарварӣ аз қабили ҶДММ “Мурғи Бебаҳо”, ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон, ҶДММ “Анко-Инвест”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶДММ “Некбахт”-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ “Корвони паранда”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҶДММ “Тухми Соф”-и шаҳри Истаравшан, дар вилояти Хатлон 4 адад корхонаи нави парандапарварӣ: ҶДММ “Танвин”, ҶДММ “Сақо” дар ноҳияи Кушониён ба истеҳсоли гӯшти паранда, дар шаҳри Левакант ҶДММ “Парандаи хушзот” ба истеҳсоли тухми паранда ва дар ноҳияи Н.Хусрав ҶДММ “Ҳоҷӣ Ҳасан” ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки самти фаъолияташон асосан истеҳсоли гӯшти паранда мебошад.
Аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 132 адад ба вилояти Суғд, 33 адад ба вилояти Хатлон ва 63 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мансуб мебошанд.
Дар соли 2023 бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 55,3 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,8 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1223,7 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 млн дона зиёд мебошад.[2] 8 сентябри соли 2024 Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Ашт аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2023(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2023(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ www.president.tj. Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.