Косонсой — шаҳр дар вилояти Намангони Ӯзбекистон. Дар соҳили дарёи Косонсой ҷойгир аст.

Шаҳр
Косонсой
Кишвар  Ӯзбекистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 875 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ

Таърих

вироиш

Косонсой — шаҳри қадима аст. Калимаи «Косон» аз калимаи Кушон гирифта шудааст. Косонсой яке аз қисмҳои муҳими Кушон якҷоя бо шаҳри қадимаи Ахси буд. То ҳол қалъаи Кушониён дар тарафи шимоли ин шаҳр ба назар мерасад.

Аҳолӣ

вироиш

Бино ба сарчашмаҳои Косонсой тақрибан 43,684 аҳолӣ дорадАҳолии Косонсой. Маркази ноҳияи Косонсой шаҳри Косонсой аст. Ақалияти аҳолии Косонсой Тоҷикон мебошанд.

Маориф

вироиш

Дар Косонсой панҷ коллеҷҳои махсуси миёна ва як литсейи академикӣ фаъолият мекунанд. Ба шумораи коллеҷҳои махсуси миёна коллеҷи тиббӣ, коллеҷи нақлиёт ва алоқа, коллеҷи техникӣ, коллеҷи педагогӣ ва дигарон дохил мешаванд. Тақрибан 46 мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёна дар Косонсой фаъолият мебаранд, ки аксарияти онҳо мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мебошанд, як мактаби русӣ низ фаолият мебарад.

Табиат

вироиш

Косонсой — минтақаи кӯҳсор аст, кӯҳ тақрибан 3 км аз маркази ноҳия мебошад. Дарёи Косонсой шаҳрро ба ду қисм ҷудо мекунад.

Одамони машҳур

вироиш

Олимони машҳури ислом Алоуддини Косонӣ (асри ХII) ва Махдуми Аъзами Косонӣ (асри XV—XVI), дар шаҳри Косон (Косонсой) таваллуд шудаанд. Як кӯча ба номи Махдуми Аъзам номгузорӣ шудааст ва як мақбара дар соҳили дарёи Косонсой гузошта шудааст, ки моҳи сентябри соли 2007 анҷом ёфтааст.

  1. перепись населения СССР 1989 года