Кофия
«Кофия» (ар. کافیه), «Кофияту зави-л-ираби фӣ маърифати каломи-л-араб" — аз муҳимтарин китобҳои дарсӣ ба забони арабӣ дар илми наҳв; таълифи Ибни Ҳоҷиб.
«Кофия» фарогири 19 боб аст, ки онҳо аз мавзӯъҳои алоҳида иборат мебошанд. Матолиб аз таърифи калима ва калом оғоз мешаванд. Муаллиф баъди тақсимбандии навъҳои эъроб ва тавзеҳи ғайримунсариф, марфуот, мансубот, маҷрурот, мабнӣ, музмар, нуни виқоя, замири фасл, замири ишора, мавсул, исмҳои афъол, исмҳои асвот, мураккабот, киноёт, зарфҳо, маърифа ва накира, адад, музаккар ва муаннас, мусанно, ҷамъ, масдар, исми фоил ва исми мафъул, сифати мушаббаҳа, исми тафзил, афъол ва ҳуруф, аз ҷумла ҳуруфи ҷар, мушаббаҳи билфеъл, отифа, танбеҳ, нидо, эҷоб, тафсир, масдар, тахсис, таваққуъ, истифҳом, шарт ва дигар мавзӯъҳои наҳви забони арабиро матраҳ кардааст. Ба «Кофия» беш аз 124 шарҳ ба забонҳои арабӣ ва форсӣ навишта шудааст, баъзе онро мухтасар кардаанд ё ба назм даровардаанд. Худи муаллиф аввалин шуда ба «Кофия» шарҳ навиштааст, сипас онро ба назм дароварда, дар охир бар ин назм ҳам шарҳи дигаре навиштааст. Ҳоло нусхаҳои бисёри «Кофия» ва шарҳҳои он вуҷуд доранд. «Кофия» аз замони таълиф шуданаш дар кишварҳои исломӣ шуҳрат ёфт ва яке аз аз китобҳои таълимии муҳимми мадориси Осиёи Миёна буд. То кунун аз он чун китоби дарсӣ дар ҳавзаҳои илмӣ истифода мешавад.
«Кофия» нахуст соли 1592 дар Рум, сипас дар Деҳлӣ, Конпур, Калкутта, Истанбул ва Қоҳира борҳо чоп шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кофия / С. Наимӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- ابن حاجب عثمان بن عمر. الكافيه في علم النحو و الشافيه في علمَي التصريف و الخط. القاهره، ١٤٣١ ﻫ.
- Ад.: Ибни Ҳоҷиб. Кофия. Ӯзбек тилига тарҷима. Тошкент, 2009;
- مازندرانی محمد هادی. شرح فارسی کافیه ابن حاجب. تهران، ١٣٩٧ ش.