«Кохи Ваҳдат» — муҷтамаъи давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе.

Ёдмон
Кохи Ваҳдат
Кишвар
Макон Душанбе
Дата основания 1975
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих ва меъморӣ

вироиш

«Кохи Ваҳдат» ҳамчун Хонаи маорифи сиёсӣ муталлиқ ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1974 аз рӯи лоиҳаи як гурӯҳи меъморон (Эдуард Ерзовский, Ю. Пархов ва муҳандис С. Новокременов аз Институти давлати лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем») сохта шудааст[1]. Соли 1990 ба кохи кинову консерт табдили ном кард. Номи имрӯзааш аз соли 2000-ум. Солҳои 2017‒2020 мувофиқи услуби ороишию бинокорӣ ва меъмории муосири миллию ҷаҳонӣ таҷдиду навсозӣ шуд. Барои қабули меҳмонҳо, баргузории конфронс, симпозиум, анҷуман, машварат, намоиш, вохӯрӣ ва дигар тадорукоти давлатӣ таъйин шудааст. Кох дар қисми шимолии шоҳроҳи асосии Душанбе ҷойгир аст. Дар қисми ҷанубӣ ба гулгашти «Кохи Ваҳдат» ҳудуди меҳмонхонаи «Авесто» пайваст мешавад. Намои асосии бино ба сӯи хиёбони Рӯдакӣ нигаронида шудааст.

«Кохи Ваҳдат» чорошёна буда, даромадгоҳаш бо сангҳои маҳаллии ороишӣ зинат ёфтааст. Сақфу девор, зинапоя ва дигар унсурҳои дохилу беруни бино бо сабки меъмории миллӣ ва санъати кандакорию чӯбкорӣ, оинабандию гачкорӣ оро дода шудаанд. Саҳни берунии «Кохи Ваҳдат» бо сабки суннатӣ ва муосири бунёди кохҳо тазйин шуда, фаввораву гулзор ва дарахту буттаҳо барои фароғату истироҳат дорад. «Кохи Ваҳдат» аз толори асосӣ (бо 1000 ҷои нишаст), 9 толори хурд, ҳуҷраҳои кору машварат, тарҷума, техникӣ, китобхона, каҳвахона, анборхона, либосхона ва дигар утоқҳои хидматрасонӣ иборат аст.

  1. Аваз Юлдошев. Хонаи маорифи сиёсӣ дар Душанберо ба кохи ҳақиқӣ табдил медиҳанд(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (26 май 2017). 12 марти 2025 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Архитектура общественных зданий Душанбе ХХ века. Д., 2007;
  • Архитектура и градостроительства Душанбе. Д., 2008;