Кохи Гулистон

мавзеи таърихӣ дар Теҳрон

Гулистон» (форсӣ: گلستان‎), Кохи Гулистон (форсӣ: کاخ گلستان‎) — боғ ва маҷмӯъае аз биноҳо дар маркази Теҳрон, осорхона. Дар замони ҳукумати Шоҳ Таҳмосби аввали Сафавӣ (1524—1576) бунёд гардида, дар асрҳои 18-19 тадриҷан бозсозӣ шудааст ва аз шоҳкорҳои меъморию ҳунарии даврони Қоҷориёни Эрон мебошад.

Ёдмон
Кохи Гулистон
Кишвар
Макон Теҳрон[2][1]
Вебгоҳ golestanpalace.ir
 Парвандаҳо дар Викианбор
Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 1422
рус.ингл.фр.

Гулистон, ки омезае аз сабки эронию ғарбист, шартан аз 7 қисмат таркиб ёфта, 20 биноро дар бар мегирад: осорхона, Толори алмосӣ ё булӯрӣ, толори Тахти Мармар, Хилватхонаи Каримхонӣ, Толори Оҷ, Толори Алмос, иморати Бодгир, Шамсулимора, Аксхона, Ҳавзхона, Нигорхона, Китобхонаи Кохи Гулистон ва ғайра. Дар осорхонаи Гулистон намунаи сафолкориҳо аз даврони мухталиф, осори ҳунарии аз сангу филиз), матову қолинҳои мунаққаш, созҳои мусиқӣ, либосҳои хонагию ҷашнӣ, пойафзор ва ҳар гуна лавозимот ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар ин ҷо китобхонаи бузурге низ мавҷуд аст. Иморат (ё айвон)-и Тахти Мармар аз қадимтарин ва муҳимтарин бинои ин маҷмаа буда, санги бинои он дар даврони Сафавӣ гузошта шудааст. Дар манобеи таърихӣ он бо номи Девонхона ва Дорулҳукума ёд шудааст. Баъдан Қоҷориён (Оқомуҳаммадхон, Фатҳалишоҳ ва Носируддиншоҳ) дар бино тағйироту тазйиноти бисёре ворид намудаанд. Аз ҷумла ба фармони Фатҳалишоҳ соли 1806 тахте аз санги мармар сохта, дар айвони он насб карданд. Ин толор барои пазироиҳои расмӣ истифода мешуд ва соли 1925 маросими тоҷгузории Ризошоҳи Паҳлавӣ дар ин ҷо сурат гирифт. Толор бо наққошиҳо, гачу шишаву мармаркориҳо ва анвои кошию дарҳои кандакоришуда оро ёфтааст. Тахти аз мармари зарди Язд сохташуда, ки то имрӯз маҳфуз мондааст, аз намунаҳои беназири ҳунари меъмории Эрон аст. Шамсулимора ҷолибтарин иморати кох мебошад. Он айвони дорои ду бурҷи мунаққаш буда, дар пеши онҳо ҳавз низ мавҷуд аст. Айвон соли 1867 сохта шудааст ва намунаи нодири омезиши меъмории шарқу ғарб мебошад. Носируддиншоҳ аз Аврупо ғояи сохтани нигорхона ва осорхонаи навъи аврупоиро овард. Соли 1970 дар Гулистон ду нигорхона кушода шуданд: дар Ҳавзхона мусаввараҳои (асосан портретҳои) рассомони аврупоиро, ки Насируддиншоҳ ва пешгузаштагони ӯ харида буданд ва дар нигорхона корҳои рассомони эрониро гузошта буданд. Дар асри 20 коллексияи нигорхона байни дигар осорхонаҳои Теҳрон тақсим карда шуд, вале ҳоло ҳам дар он мусаввараҳои рассомони давраи қоҷорро дидан мумкин аст. Соли 2013 муҷтамеи Гулистон ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Адабиёт

вироиш