Кристина Пронженко

Кристина Пронженко (тав. 10 декабри 1988, ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғд) — сабукварз, варзишгари тоҷик. Устоди варзиши дараҷаи байналмилӣ.

Варзиши сабук
Варзиши сабук
Кристина Пронженко Бозиҳои олимпӣ
Иттилооти умумӣ
Сана ва маҳалли таваллуд 10 декабр 1988(1988-12-10)[1] (36 сол)
ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғд
Шаҳрвандӣ
Қад 1.72 [2]
Вазн 60 кг
Мансабҳои варзишӣ 14591502
Рекордҳои шахсӣ
Азнавсозии охирин: 07 июли 2017

Зиндагинома

вироиш

Кристина Пронженко 10 декабри соли 1988 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2012) аст.

Мураббиаш падараш Леонид Николаевич Пронженко мебошад. Аз соли 2000-юм ба варзиши сабук машғул аст.

Кристина Пронженко дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси мураббии варзиши сабук, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Ширкат дар мусобиқаҳо

вироиш

Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Алматии Қазоқистон аст.

Ширкаткунандаи чемпионати ҷаҳон дар Пекин (2015), Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ (2014), чемпионати Осиё дар Пунаи Ҳиндустон (2013) ва Ухани Чин (2015), чемпионати Осиё дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016) мебошад.

Рекордсмени Тоҷикистон дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016) оид ба панҷҳарба – 3435 имтиёз.

Моҳи июни соли 2016-ум дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкек дар давидан ба масофаи 400 метр рекорди Тоҷикистонро нав кардааст – 56,34 сония.

Рекорди инфиродиаш дар давидан ба масофаи 200 метр 25,19 сония (Алматии Қазоқистон, 2015) мебошад.

Ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016

вироиш

Ба Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук як квота ҷудо шуда буд. Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Кристина Пронженкоро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон, ки натиҷааш дар байни варзишгарони кишвар беҳтарин аст, барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 пешниҳод намуд. Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) ин пешниҳоди Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро пазируфт.[3]

Сарчашма

вироиш