Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.
Роҳбарӣ | |
---|---|
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раиси Кумита | Камолиддин Муминзод |
Муовини якум | Ҳабибулло Амирбекзода |
Вебгоҳ | ctd.tj |
Таъсис
вироишБо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.
Сохтори кумита
вироиш- Роҳбарият
- Раёсати рушди сайёҳӣ
- Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
- Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ
- Бахши иқтисод ва банақшагирӣ
- Бахши муносибатҳои байналмилалӣ
- Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
- Бахши умумӣ ва назорат
- Бахши котибот
Роҳбарияти кумита
вироиш- Раиси Кумита: Муминзод Камолиддин
- Муовини якуми раис: Амирбекзода Ҳабибулло
- Муовини раис:
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон
вироишСоҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст. Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- traveltajikistan.tj — вебгоҳи расмии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон