Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

пайдоиш

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки вазифаҳои махсуси муқарраршудаи иҷроӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро анҷом медиҳад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Таърихи таъсис 27 май 1997
пешина Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода
Вебгоҳ javononvavarzish.tj

Таърих

вироиш

Соли 1991 бо номи Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис шуда, январи 1992 ба Кумитаи давлатӣ оид ба варзиш ва туризм табдили ном кард. Марти соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Соли 1992 бори дигар мақоми давлатии кор бо ҷавонон дар шакли Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм барқарор гардид, вале ба сабаби номусоидии вазъияти сиёсии кишвар фаъолияти густарда надошт. Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли 1993 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд. Баъди якуним соли фаъолият дар натиҷаи ислоҳоти ҳокимияти давлатӣ кумитаи мазкур барҳам хӯрд. Баъди ором шудани вазъи сиёсии мамлакат ва барқарор гардидани сохти конститутсионӣ 23 майи 1997 фармон (№727) «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ба имзо расид. Мутобиқи фармони мазкур, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи 1997 (№240) дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд. Дар ин давра дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони ҷумҳурӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон, дар маҷмуъ, дар ҷараёни инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон натиҷаҳои бузургу самарбахш ба даст оварда шудаанд. Бо дар назар доштани тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ кумитаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри 2006 (№609) ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Баъди 11 соли фаъолият тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи 2017 (№257) дар «Соли ҷавонон» Кумита тағйири ном кард ва фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба роҳ монд.

Сохтор

вироиш

Сохтори дастгоҳи марказии Кумита:

  • роҳбарият;
  • раёсати кор бо ҷавонон;
  • раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш;
  • шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб [қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли 2018 (№346)];
  • шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ;
  • шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот;
  • шуъбаи умумӣ ва назорат;
  • бахши таъминоти ҳуқуқӣ;
  • бахши кадрҳо ва корҳои махсус;
  • бахши таҳлил ва иттилоот;
  • бахши хоҷагидорӣ.

Ба сохтори кумита инчунин 24 муассисаву ташкилот дохил мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.