Кушоншаҳр (форсӣ: کوشانشهر‎) — яке аз устонҳои Шоҳаншоҳии Сосонӣ, ки дар минтақаи байнидараи Кобул ва дараи Пешовар воқеъ гардида буд[1]. Минтақаи Балх ё дар даврони мутааххиртар Тухористон маркази ин устон ва шарқи Эроншаҳр буд, ки бар Суғд ва Гандора низ назорат дошт[1] ва бо фатҳи ин ноҳия Соcониён ба ин имкон даст пайдо карданд, то бар роҳҳои тиҷории Осиёи Миёна назорат кунанд. Ҳамчунин ба далели аҳамияти идомаи тиҷорат бо Ҳинд, ҳокимони ин минтақа зарби сикка ба шакли сиккаҳоии кушони идома доданд[1].

Кушоншаҳр

Кушоншаҳр бо ҳамлаи Кидориён суқут кард[1].

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 The Cambridge History of Iran: Seleucid Parthian, E. Yarshater, p.770 sq