Кушта шудани Хуршеда Султонова

Қатли духтари ҳаштсолаи тоҷик Хуршеда Султонова дар рӯзи душанбеи 9 феврали 2004 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби неонозиҳои рус, аъзои гурӯҳи ифротии «Созмони террористии мубориза» ба раҳбарии Дмитрий Боровиков анҷом шуд. Ин ҷиноят боиси эътирози амиқи ҷомеъа шуд. Кулли моҷаро дар расонаҳо номи «Қатли духтари тоҷик»-ро гирифт.

Кушта шудани Хуршеда Султонова
Таърихи таваллуд 13 сентябр 1995(1995-09-13)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 феврал 2004(2004-02-09) (8 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Таърих

вироиш

Хуршеда Султонова 13 сентябри соли 1995 дар Душанбе ба дунё омадаст. Вай бо хонаводааш дар маркази шаҳри Санкт-Петербург, дар кӯчаи Бойтсов, дуртар аз Боғи Юсупов зиндагӣ мекард. 9 феврали соли 2004, ӯ ба ҳамроҳи падараш Юсуф Султонов ва амакаш Алабир аз майдони яхмолакбозӣ дар Боғи Юсупов дар ҳоли бозгашт буд. Тақрибан соати 21, вақте ки онҳо аллакай ба хона наздик мешуданд, навҷавонон аз пушт ба онҳо ҳамла карданд. Ҷинояткорон пас аз бархурд бо Султонов, ӯро ба замин заданд ва шурӯъ ба зарбу шатми ӯ карданд. Алабир муваффақ шуд, ки зери мошин пинҳон шавад ва Хуршеда дар ҳоле ки фарёд мезад ба сӯи хона давид. Ҷинояткорон ӯро гирифтанд ва 11 зарбаи корд ворид карданд, ки бар асари он духтар ҷон бохт. Дар ҷараёни ҳамла сокинони ҳавлие, ки навҷавонон Хуршеда Султоноваро куштаанд, нидоҳои «Аз Русия бирав берун!», «Сиёҳҳоро бизан!» шуниданд. Юсуф Султонов ва ҷиянаш Алабир гуфта шудани шиорҳоро таъйид карданд[1].

Кушта шудани Хуршеда Султонова сару садоҳои густурдаеро эҷод кард ва ҳокими вақти Санкт-Петербург Валентина Матвиенко ифшои ин кушторро таҳти назорати махсус гирифт[2].

Пайвандҳо

вироиш