Кӯдакии Рометанӣ (охири асри 16 — ибтидои асри 17) — шоири форс-тоҷик.

Кӯдакии Рометанӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҳангоми таснифи «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ толибилм будааст ва Мутрибӣ аз суҳбатҳояш бо ӯ дар тазкирааш қисса кардааст. Ба қавли Кӯдакии Рометанӣ ӯ аз айёми кӯдакӣ ба шеър гуфтан оғоз кардааст, аз ин рӯ, яке аз дӯстонаш ба ӯ тахаллуси «Кӯдакӣ» гирифтанро тавсия додааст. Мутрибӣ пешниҳод намудааст, ки акнун ӯ метавонад тахаллуси «Болиғӣ» бигирад. Мутрибӣ Кӯдакии Рометаниро чун шоири дорои табъи салим, ашъори неку ва гуфтори дилҷӯ тавсиф кардааст. Аз осораш абёти пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо расидаанд, ки дар мавзӯи ишқ суруда шудаанд. Абёти зер аз ӯст:

Зи ҳиҷрон тирабахтам, шамъи маҷлисдидаи ман ку?
Ба аҳди ту май аз ҷоми вафо нӯшидаи ман ку?
Бигӯ, эй шамъ, андар базми хубӣ рух барафрӯзӣ,
Ки он парвонаи бар гирди сар гардидаи ман ку?
Бувад ороми ҷони ҳар касе, эй Кӯдакӣ, шӯхе,
Бути ваҳшиғизоли ромногардидаи ман ку?

Адабиёт

вироиш
  • Ҳодизода Р., Каримов У., Саъдиев С. Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI—XIX ва ибтидои асри XX. Д.,1988