Кӯдаки нобиға, вундеркинд (аз олмонӣ: Wunderkind — кӯдаки тезҳуш ё фав­қулистеъдод) — кӯдаке, ки қобилият ва майли фав­қу­лодаи ӯ ба ин ё он ришта зуд зуҳур кардааст. Кӯдакони нобиға дар баробари доштани истеъдоди барҷаста ба амалкардҳои олӣ қо­дир ҳастанд ва дар риштаҳои математика, физика, му­си­қӣ, шоҳмот ва ғайра маҳорати фавқулода нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, онҳо ба парасторию омӯзиши махсус ва фарқ­ку­нан­да ниёзманданд.

Волфганг Мозарт аз синни 3-солагӣ эҷод мекунад.
Волфганг Мозарт аз синни 3-солагӣ эҷод мекунад.

Хусусиятҳои кӯдакони нобиға

вироиш

Бархе аз хусусиятҳои кӯдакони нобиға ин гуна та­бақабандӣ шудааст:

  • нисбат ба омӯзиш ҳарисанд, босуръат ва ҷиддӣ мео­мӯ­занд ва ҳар мафҳуми печида ё ҷузъиётро зуд аз худ мекунанд;
  • ба қудрат, тавоноӣ ё қобилияти кории хеш бовари қатъӣ доранд;
  • ҳамеша саргарми китобхонианд, аз хондан лаззат ме­баранд ва бештар китобҳои иттилоотӣ, монанди до­ниш­но­ма­ҳо, фарҳангҳо ва зиндагиномаҳоро бармегузинанд;
  • луғати бисёреро ҳифз намудаанд ва калимаҳову исти­лоҳоти хоссеро медонанду ба кор мебаранд, ки фаротар аз синнашон аст;
  • дорои рӯҳияи ҳамкорианд ва аз маълумотпазирии баланд бархурдоранд;
  • ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ пайванданд ва интизо­ми хосси фардӣ доранд;
  • кунҷков ва ҷустуҷӯгаранд;
  • ҳофизаи шигифтангезе доранд ва бидуни машқи зиёд ҳар амреро зуд ба хотир мегиранд ва ҷузъиётро ба хотир меоваранд;
  • доманаи рағбати васее доранд, ки ғолибан дорои мо­ҳияти фикрӣ аст. Саргармӣ ва шавқҳои онон фаротар аз син­нашон аст;
  • дорои истеъдоди зебоишиносӣ ҳастанд ва дар баробари зебоиҳо аксуламал нишон медиҳанд.
  • эҷодкорӣ ва қувваи тасаввури баланде доранд ва аз ин тариқ барои ҳар масъала роҳи ҳал пайдо мекунанд; ҳа­во­дис ва таҷрибаҳоро ба равишҳои ғайримаъмул шарҳ ме­диҳанд;
  • сахткӯш ҳастанд ва дар расидан ба ҳадафҳояшон талошу пофишорӣ мекунанд.

Табиати кӯдаконии тезҳуш

вироиш

Бузургтарин масъала барои кӯдакони нобиға, бахусус дар солҳои нахусти мактабхонӣ ин аст, ки онҳо нисбат ба синнашон бештар медонанд ва ҳамин амр сабаби аз ҷониби ҳам­со­ло­ни худ таҳти фишор қарор гирифтани онҳо мегардад. Ин боис мешавад, ки ҳушу кунҷковии онҳо аз рушд боз­монад.

Кӯдакони нобиға ба устодони кордидаву мутахассис эҳтиёҷ доранд, то ки роҳҳои пуршитоби рушди зеҳнӣ, отифӣ ва иҷти­моии ононро бифаҳманд ва битавонанд ба ниёзҳои ғайри­маъ­мулии онҳо посухи муносибе диҳанд. Инчунин онҳо ниёз ба волидайни босабру таҳаммуле доранд, ки пур­сишҳову андешаҳои ғайримаъмули онҳоро баррасӣ кунанд.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш