Кӯчаи Шотемур (Душанбе)

Кӯчаи Шотемури шаҳри Душанбе дар маркази пойтахти Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. 

Тавзеҳ

вироиш

Дарозии кӯча 2 километр ва бараш 15 метр аст. Кӯча аз шарқ оғоз шуда, рост ба ғарб мегузарад. Оғози роҳро Корхонаи пивои (Пивзавод) Душанбе ва охири Боғи Парчами миллии Тоҷикистон медонанд.

Таърих

вироиш

Пештар ин кӯча номи «Коммунистическая»-ро дошт. Дар ҳоли ҳозир ин кӯча ба номи қаҳрамони тоҷик "Шириншо Шотемур", ки арбоби сиёсӣ, ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистону Шӯравӣ буд, гузошта шудааст.

Иншоотҳо

вироиш

Дар кӯчаи Шотемур чунин муассисаҳои муҳим ва маъруф ба мисли Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2018), Театри давлатии ҷумҳуриявии лухтак, Филиали Донишгоҳи Ломоносов, Меҳмонхонаи Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.

Нигаред

вироиш