Рақси «Лаглагбозӣ» - роҳгардӣ ва ҳаракатҳои лаклакро тасвир менамояд.

Номи унсур ва истилоҳоти дигар

вироиш

Лайлак

Тавсифи мухтасар

вироиш

Дар он ақидаҳои мардум дар бораи лаклак чун паррандаи некфол таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Раққос оҳиста-оҳиста рӯи майдон мегардад, баъзан ӯ дастонашро мавзун боло мебардорад ва нишон медиҳад, ки чи тавр лаклак бол меафшонад. Гоҳе «нӯл»-ро ба ҳаракат меорад, баданашро бо нӯлаш мехорад, назди баъзе аз тамошобинон меояд, каллаи касеро ба тарзи шӯхӣ нӯл мезанад. Ин рақс аз тарафи як ё ду мард таҳти навозиши доира иҷро мегардад.[1][2]

Маҳалли густариш

вироиш

Кӯлоб, водии Зарафшон

Вазъи имрӯзаи унсур

вироиш

Нимфаъол

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.