Лариса Назарова
Лариса Назарова – мусиқишинос, номзади илми санъатшиносӣ (1984), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1980), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007), и.в. профессори Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
Лариса Назарова | |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Институти мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Ҳолнома
вироишСоли 1962 баъди хатми шуъбаи назариявии Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (дар синфи омӯзгорон Л.Шахназарова, М.Цветаев, Ю.Тер-Осипов) соли 1966 Л.Назарова ба шуъбаи мусиқишиносии Институти мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо дар Москва (ҳоло Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои Россия) дохил шуда, онро дар синфи профессор Б.В. Левик, ки ба ташаккули шахсияти эҷодии мусиқишиноси ҷавон таъсири бузург расонидааст, ба итмом мерасонад. Кори дипломӣ «Тематизм дар драмаи мусиқии «Тристан ва Изолда»-и Р.Вагнер. Пас аз хатми донишкада соли 1971 Л.Назарова барои фаъолият ба кафедраи назарияи мусиқии факултаи мусиқии Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои Тоҷикистон ва минбаъд дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст. Аз соли 2003 Л.Назарова ба ҳайси дотсент (1986) ва и.в профессори (2015) кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов фаъолият мебарад.
Фаъолияти илмӣ
вироишДар баробари фаъолияти омӯзгорӣ Л. Назарова ба кори илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дарки амиқи моҳияти ташаккул ва рушди шаклу жанрҳои нави эҷодиёти касбии мусиқӣ дар мусиқии композитории тоҷик ба ӯ хос аст. Дар маркази диққати таҳқиқотӣ – мусиқии симфонии тоҷик аст. Мақолаи «На пути к симфонизму» (маҷ. «Помир», 1976, №12) ба такмили Симфония барои созҳои торӣ ва литавра Д. Дӯстмуҳаммадов равона карда шудааст. Дар он муаллиф ба проблемаҳои сабки миллӣ, таносуби заминаҳои фолклорӣ ва техникаи композиторӣ дар асар диққати калон додааст. Ҳамин проблема минбаъд ҳангоми омӯзиши соҳаи дигари эҷодиёти симфонӣ – сюитаҳо, дар мақолаи «Динамика эволюции жанра» (маҷ. «Советская музыка», 1979, №2) таҳқиқ гардидааст. Соли 1973 Л.Назарова ба аспирантураи назди Институти таърихи ба номи А.Дониш АИ ҶШС Тоҷикистон дохил мешавад. Роҳбарони ӯ Б.В. Левик ва Н.С. Янов-Яновская буданд. Соли 1984 дар мавзӯи «Мусиқии симфонии тоҷик» дар Институти илмӣ-таҳқиқотии санъатшиносии шаҳри Москва рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад. Натиҷаи фаъолияти мусиқишинос монографияи «Таджикская симфоническая музыка» (1986) гардид. Он раванди омӯзиши жанрҳои гуногун, (аз сюита – ба симфония) аз давраи тавлиди мусиқии симфонӣ дар Тоҷикистон то сеяки охирини солҳои 70-умро дар бар мегирад. Муаллиф бо таҳлилҳои доманадори назариявӣ ба таври боварибахш собит менамояд, ки роҳи мусиқии симфонии тоҷикро ду омили бо ҳам алоқаманд: дарки ботадриҷи қонуниятҳои афкори симфонии аврупоӣ ва муносибати ҳарчи бештар фаъолгардандаи миллӣ ташаккул додааст. Монография бо шавқ ва забони хуби адабӣ навишта шудааст. Л. Назарова – яке аз муаллифи қисми мусиқии Тоҷикистон дар бисёрҷилдаи «История музыки народов СССР» (Москва, 1988. Т.6.) мебошад. Ба ҷилди VI гузоришҳои ӯ «Музыкальная жизнь Таджикистана» ва «Симфоническая музыка» ворид гардидаанд. Ҳамин гузоришҳо ба ҷилди 4-уми «Солномаи мусиқии Тоҷикистон» низ ворид гардидаанд. Инчунин, Л. Назарова ба ҳайати таҳририяи «Таърихи мусиқии халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» (Москва, 1995, ҷ. 1) шомил гардид. Л. Назарова дар пленуму симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ дар Бишкек, Тошканд, Самарқанд, Москва, Минск, Душанбе, Боку баромад намудааст. Фаъолияти мусиқишиносии Л. Назарова гуногун аст, вале бартарӣ ба тарғиби эҷодиёти композиторон дода мешавад
- «Музыкант своего времени» дар «Ҷилои меҳр», маҷ. мақолаҳо бахшида ба 60-солагии композитор Шодмон Пӯлодӣ. (Душанбе, 2003),
- «Таджикская рапсодия Фозила Солиева: истоки симфонизма» дар «Фозил Солиев». Маҷ. мақолаҳо. (Душанбе, 2004) ва ғайра).
Вай пайваста дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо бо очеркҳо оид ба композиторон, тақризҳо ба консертҳо ва намоишномаҳо баромад мекунад. Л. Назарова нисбати тарғиби эҷодиёти композиторони тоҷик дар дохили кишвар
- «В поисках времени: взгляд живой музыки», маҷ. «Помир», №1-3, 2011
- «Музыкальная культура: скрепка общества или изгой?», «Музыкальная академия», 2002, №2;
- «Жизнь традиций в современности. Между Востоком и Западом», «Музыкальная академия», 2006, №1 ва диг. ташаббуси зиёд нишон медиҳад.
Вай як қатор мақолаҳои энсиклопедиро оид ба мусиқии симфонии тоҷик ва эҷодиёти композиторони тоҷик, аз ҷумла дар «The Grove Dictionary of Musicians» (2003) ва «Большая Российская Энциклопедия» (мақолаҳои чопшуда ва ба шакли дастхат) навиштааст. Соли 2009 мақолаҳои дар солҳои 1976-2009 чопшудаи худро дар як китоб зери унвони «Фарҳанги мусиқии Тоҷикистон асри ХХ – ибтидои асри XXI (тамоюлҳо, проблемаҳо)» такроран ба табъ расонид. Нашри ҳамаи мақолаҳои мусиқишинос дар шакли як китоб истифодаи онро барои донишҷӯён ва муҳаққиқон басо муфид мегардонад.
Осор
вироиш- Таджикская симфоническая музыка. (Монография). Душанбе, 1986.
- Основные тенденции развития современной таджикской музыки (на примере симфонического жанра). // Актуальные проблемы изучения музыкальных культур стран Азии и Африки: Маҷ. мақолаҳо. Тошкент, 1983.
- К вопросу взаимодействия традиционной музыки и композиторского творчества (на примере симфонической музыки). // Традиции музыкальных культур народов Ближнего, Среднего Востока и современность. М., 1987.
- Россия в культурном пространстве Таджикистана. // Проблемы регионального славяноведения. Душанбе, РТСУ, 2009.
- Музыкальная культура Таджикистана ХХ – начала ХХI столетий (тенденции, проблемы): Сб. авторских статей прошлых лет. Душанбе, 2009.
Мукофот
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 111-114