«Латоифу-т-тавоиф» (ар. لطایف‌الطوایف‎) — китобест ба забони форсӣ дар сабки адабиёти достонӣ, навиштаи Фахруддин Алии Сафӣ.

Латоифу-т-тавоиф

«Латоифу-т-тавоиф» дар пайравии «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Ахлоқу-л-ашроф» ва «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ ва амсоли онҳо таълиф гардида, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. «Латоифу-т-тавоиф» ва тозагии сабки он дар шакли мунозира ва мубоҳиса навишта шуданаш мебошад, ки дорои сабки махсуси иншо ва нигориш аст.

Аз рӯи тартиби мавқеи иҷтимоӣ дар асар латифаҳо дар бораи ҳакимон, шоирон, занону мардони зарифтабъ, бахилону пурхӯрон, тамаъкорону дуздон ва гадоён, кӯдакону ғуломон ва канизон, аблаҳону даъвогарони пайғамбариву дурӯғгӯён зикр гардидааст.

Яке аз фаслҳои «Латоифу-т-тавоиф» латифаҳоеро дар бар мегирад, ки ба табибон бахшида шудааст. Дар рафти баёни латифаи ба ин ё он табиб бахшидашуда андешаҳои муаллиф дар бораи табиб, тарзи табобат, муомила бо беморон, роҳу усулҳои табобат, натиҷаи табобати беморон ва ҳунари муолиҷавии табибон баён карда шудаанд[1].

Дар баробари он ки вазифаи ҳар як латифаи асар ҳазлу мутоиба ва ба шодиву фараҳ овардани дилу табъи хонанда аст, дар паи он ҳадафи тарбиявӣ ва ибратомӯзӣ ҳам ниҳон аст, ки хонанда аз нуқсонҳои ахлоқӣ ё маънавии қаҳрамонони асар ибрат омӯзад ва онҳоро дар зиндагии хеш такрор насозад.