Латофат Барзиева
Латофат Барзиева (20 майи 1948, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон — 19 июли 2022[1], Душанбе) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2012).
Таърихи таваллуд: | 20 май 1948 (76 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 19 июли 2022 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишСоли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро шурӯъ намуд ва бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун актрисаи бомаҳорат муаррифӣ кард. Образҳои офаридааш аз рӯи хислату амалиёт фарқ доранд, лекин умумияташон иҷрои самимии онҳо аз сӯи ҳунарпеша мебошад, дар бисёр намоишномаҳо нақшофарӣ кард, бо талош ва омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод. «Мирзо Ризо», «Муфаттиш», «Фелисяна», «Камбағалӣ айб нест», «Қуллаи Фудзияма», «Хатро ман навишта будам», «Роҳзан ва кӯзагар», «Шоҳ Эдип», «Шоҳ Лир», «Синдбоди дарёгард», «Зебуниссо», «Дӯсти ман — душмани ман», «Умари Хайём», «Парвози Шоҳин», «Бист дақиқа бо фаришта», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Бой ва хидматгор», «Раъду барқ», «Ҷияни хира», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Моҷаро дар Кёза», «Дохунда», «Интизорӣ», «Парвози Сабзабаноз» аз ҷумлаи спектаклҳоанд, ки истеъдодаш дар онҳо ҳувайдо гардидааст. Дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ ҳунар озмудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Латофат Барзиева: Потенсиали маро истифода накарданд!. Pressa.tj. 20 феврали 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.