Латофат Одиназода
Латофат Одиназода (тав. 08.08.1979, н. Данғара) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1992). «Аълочии маорифи Тоҷикистон»
Латофат Одиназода | |
Таърихи таваллуд | 8 август 1979 (45 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Зиндагинома
вироишЛатофат Одиназода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005), корро ба сифати лаборанти ДМТ (2002-2005) оғоз карда, ба ҳайси мудири лабораторияи кафедраи астрономияи факултети физикаи 518 ДМТ (2006-2007), ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика (2008-2014), муоаини декани шуъбаи ғоибонаи факултети физика (2014- 2015), директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе (2015-2020) фаъолият намудааст. Аз соли 2020 директори Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.