Лаура Чинчиля Миранда ( исп. Laura Chinchilla Miranda28 марти соли 1959 ) — сиёсатмадори Коста-Рика, президенти чилу сеюми Коста-Рика, аввалин президенти зан дар таърихи Коста-Рика ва панҷумин президенти зан — дар Амрикои Лотинӣ.

Лаура Чинчиля
исп. Laura Chinchilla Miranda
8 май 2010 — 8 май 2014
Пешгузашта Оскар Ариас
Ҷонишин Луис Гилэрмо Солис
2006 — 2010
аз 2019
Таваллуд 28 март 1959(1959-03-28)[1][2][3][…] (65 сол)
Ҳамсар José María Rico[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод калисои католикӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Ин шахс насаби испанӣ дорад; дар ин ҷо Чинчиля — насаби падар, Миранда — насаби модар.

Корнома

вироиш

Аз ибтидои солҳои 90-ум Чинчиля фаъолияти сиёсии худро ба ҳайси мушовир дар созмонҳои гуногуни ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ислоҳоти институтсионалӣ оғоз намуда, ба соҳаи ҳуқуқи судӣ, инчунин ба ислоҳоти бахши амнияти давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекард. Дар он вақт вай дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла барномаҳои СММ ширкат дошт. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он ислоҳоти политсия умуман дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ва махсусан дар Коста-Рика буд. Вай як қатор нашрияҳои гуногун, аз ҷумла монографияҳо оид ба ҳуқуқи судӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва ислоҳоти полис дорад.

Дар давраи аз соли 1994 то соли 1996 дар вазифаи муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ ва аз соли 1996 то соли 1998 вазифаи вазири амнияти ҷамъиятиро ба ӯҳда дошт.

Президентӣ

вироиш

Лаура Чинчиля дар интихоботи президентии 7 феврали соли 2010 пирӯз шуд. Чинчиля номзад ба Ҳизби ҳукмрони Озодии миллии Коста-Рика шуд. Дар замони маъмурияти қаблии Оскар Ариас Чинчиля дар мақоми яке аз ду ноиби президент ва ҳамзамон вазири адлия буд.

Яке аз ташаббусҳои аввалини Чинчилла ба ҳайси президент пешниҳоди ҷорӣ кардани ҳафтае барои занон ба ҷои ду рӯзи истироҳат буд. Чинчиля 8 май расман ба кор сар кард. [4]

Пайвандҳо

вироиш