Левӣ Бобохонов

Левӣ Бобохонов (маъруф ба Левича, Леви Бобохон; 1873, Бухоро1926, Самарқанд) — мақомхон, мутриб ва мусаннифи машҳури яҳудитабор.

Левӣ Бобохонов
Леви Бобохон
Таърихи таваллуд 1873(1873)
Зодгоҳ Бухоро
Маҳалли даргузашт Самарқанд
Пеша(ҳо) мақомхон, мутриб

ЗиндагиномаВироиш

Санъати мақомхонию мутрибиро аз мусиқидонони машҳур Борухи Калхоти Самарқандӣ, Бобоҷалол Носирзода, Ҳоҷихони Чорҷӯйӣ омӯхтааст. Муддате мутриби дарбори амири Бухоро – Абулаҳадхон буд. Ба сабаби хусумати амир ва дарбориён ба Самарқанд фирор карда, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кардааст. Левӣ Бобохонов овози баланду форам дошт, мақомҳоро бо услуби хос мехонд, танбӯрро ҳам хеле таъсирбахш менавохт. Соли 1909 кормандони студияи «Рига – граммофон» якчанд сурудро дар иҷрои Левӣ Бобохонов дар қарта сабт кардаанд, ки дар байни онҳо «Қашқарчаи Сарвиноз», «Муғулчаи Бузург», «Насри Ушшоқ», «Талқини Уззол», «Талқини Ушшоқ», «Уфари Муғулчаи Сегоҳ» буданд. Левӣ Бобохонов солҳои 20 садаи XX дар Мактаби мусиқии Бухоро дарс медод ва ҳамзамон консерт намоиш медод. Соли 1923 ба Самарқанд кӯчид. Ӯ дар клубу чойхонаҳо ҳунарнамоӣ мекард, дар маҳфилҳои мусиқӣ ба ҷавонон тарзу услули иҷрои «Шашмақом» ва санъати мақомхониро ёд медод.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Алибаева К., Ахмедов М. Народные музыкаты Узбекистана. Ташкент, 1952;
  • Таджикская музыка. Д., 2003; Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.

СарчашмаВироиш