Лев Николаевич Толстой (1828 — 1910) — яке аз нависандагони адабиёти русӣ буд.

Лев Толстой
русӣ: Лев Николаевич Толстой
L.N.Tolstoy Prokudin-Gorsky.jpg
Тахаллусҳо: Л. Н. Т. ва Л. Н.[5]
Таърихи таваллуд: 28 август (9 сентябр) 1828[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 (20) ноябр 1910[2][4] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 18471910
Жанр: қисса[d], повест, румон ва Драма
Забони осор: русӣ[12]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
tolstoy.ru(рус.)
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

ЗиндагиномаВироиш

Толстой Л.Н. – нависандаи маъруфи рус, дар хонаводаи ашрофзода, дар деҳаи Ясная Поляна (губернияи Тула) ба дунё омадааст. Вазъи оилаи худро (Лев се бародару як хоҳар дошт) нависанда дар асараш «Бачагӣ. Наврасӣ. Ҷавонӣ” тасвир кардааст.

Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан ба Университети Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ӯ донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд. ӯ дар якчанд мактабҳи ибтидоӣ бо усули худ ба мактаббачагон дарс додааст.

Асарҳои бузургтарини Толстой «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекӯчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ӯ оид ба муҳаббати ҳамагон, кӯшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд. Дар асарҳои «Воскресение» ва «Сонатаи Кретсеров» ҳамин мазмун дида мешавад.

Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кӯшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кумак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дороӣ даст мекашад ва пас бемории сармохӯрӣ вафот мекунад.

ЭҷодиетВироиш

Романҳои Толстой инҳоянд: «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ва диг.; Асарҳои драмавӣ: «Хонаводаи заҳролуд» (1864), «Нигилист» (1866), «Ҳокимияти зулмот» (1886), «Коркардаи драмавии қиссаи Аггее» (1886), «Самараи маориф» (1890), «Дар торикӣ ҳам нур медурахшад» (1890-1900), «Пётр Хлебник» (1894), «Ҷасади зинда» (1900), «Ҳамаи хусусиятҳо аз ӯст» (1910) ва диг. асарҳо.

 
Николай Илич Толстой, падари нависанда. Солҳои 1820-ум. рассоми ношинос

Тасвири нависандаВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Башкирская энциклопедия (рус.)Башкирская энциклопедия, 2005. — 4344 с. — ISBN 978-5-88185-053-1
  2. 2.0 2.1 Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  3. 3.0 3.1 Венгеров С. Толстой, Лев Николаевич (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1901. — Т. XXXIII. — С. 448—457.
  4. Лакшин В. Я. Толстой Л. Н. // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 7.
  5. Л. Н. История моего детства (рус.) // Современник / под ред. А. С. Пушкин, П. А. Плетнёв, А. А. Краевский, В. Ф. Одоевский, П. А. ВяземскийСПб.: Иван Иванович Панаев, Николай Алексеевич Некрасов, 1852. — Т. XXXI, вып. 9. — С. 5—104.
  6. Толстой Лев Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  7. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/652165/Yasnaya-Polyana
  8. http://www.biography.com/people/leo-tolstoy-9508518
  9. https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/15650 — 1808.
  10. http://www.tandfonline.com/doi/pdf/10.1080/00905999708408490
  11. http://www.tandfonline.com/doi/pdf/10.1080/13507486.2011.574682
  12. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи