Леонид Фёдорович Верешагин (16 [29] апрел 1909 ё 1909[1], Херсун[d]20 феврал 1977 ё 1977[1], Маскав) — физикдони шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1966; узви вобаста, 1960). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963).

Леонид Верешагин
Таърихи таваллуд 16 (29) апрел 1909 ё 1909[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 феврал 1977(1977-02-20) ё 1977[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Медали «Барои мудофиаи Москва» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Stalin Prize, 3rd degree Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Одесса (1928). Фаъолияти меҳнатиаш дар Институти физикаи Донишгоҳи Одесса (1926) оғоз гардидааст. Солҳои 1934—1939 дар Институти физика ва техникаи АИ Украина (Харков) кор кардааст. Солҳои 1939—1954 мудири лабораторияи Институти кимиёи органикии АИ ИҶШС, 1954—1977 директори лабораторияи фишорҳои баланди АИ ИҶШС (аз 1958 Институти фишорҳои баланди АИ ИҶШС) буд. Аз соли 1953 ҳамзамон проф. ва мудири кафедраи физика ва кимиёи фишорҳои баланди Донишгоҳи давлатии Маскав. Соли 1973 таҳти роҳбарии Леонид Верешагин дар Институти физика ва техникаи Маскав кафедраи физикаи фишорҳои баланд таъсис ёфт. Корҳои илмии асосии Леонид Верешагин ба физика ва техникаи фишорҳои фавқулбаланд (дар ин соҳа бештар аз 150 асари илмиаш нашр гардидааст) бахшида шудаанд. Леонид Верешагинхусусиятҳои физикавии ҷисмҳои сахт (хусусиятҳои физикавию механикӣ, сохтор, ноқилияти электрикӣ ва ғ.)-ро дар фишорҳои баланд таҳқиқ намуд, усулҳои ченкунии бузургиҳои гуногуни физикӣ (тазйиқ ё деформатсия, суръати садо ва ғ.)-ро дар фишорҳои баланд кашф кард. Ӯ реаксияҳои кимиёиро дар фишору ҳароратҳои баланд, аз ҷумла суръати реаксияҳои полимершавӣ ва хусусиятҳои катализиро, ки синтези моддаҳои навро метезонанд, инчунин хусусиятҳои физикии як қатор моддаҳои органикиро омӯхт, якҷо бо ҳамкоронаш усулҳои ҳосил кардани фишорҳои баландро таҳия намуд. Соли 1960 бо роҳбарии Леонид Верешагин бори нахуст дар ИҶШС алмоси сунъӣ ва мушобеҳи фавқулсахти он — нитриди кубии бор ҳосил карда шуд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1952) ва Мукофоти ленинӣ (1961). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш