Лепидозаврҳо
Лепидозаврҳо(Lepidosauria), зерсинфи хазандаҳо аз давраи перм маълуманд. Лепидозаврҳои қадим ба котилозаврҳо хеле наздиканд. Косахонаи сари Лепидозаврҳо мисли косахонаи сари архозаврҳост. Лепидозаврҳо ҳайвонҳои даррандаи хушкигард ё оби буда, калтакалосҳо, морҳо ва баъзе гурӯҳи дигари хазандаҳоро дарбар мегиранд. Онҳо(ба ғайр аз мезозаврҳо) аҳамияти калони стратиграфи надоранд.