Лидс,(англ. Leeds [ˈliːdz]) шаҳри графӣ, маркази қадими бофандагии Британияи Кабир аст. Дар графии Райдинги Ғарбӣ, дар соҳили д. Эр воқест.

Аз асри XIII маълум аст. Аҳолӣ - 443 247 наф. дар дохили шаҳр. Лидс маркази Йоркшири Ғарбӣ буда, бо атрофаш 1,7 млн аҳолӣ дорад. Соҳаи асосии саноаташ дӯзандагӣ (бештар либосҳои мардона) ва мошинсозӣ (истеҳсоли таҷҳизоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, кӯҳкорӣ, химия, полиграфия, атомӣ, асбобҳои гуногун, дастгоҳҳо, локсимотивҳо). Дар Лидс корхонаҳои саноати химия, атриёт, хӯрокворӣ ва полиграфия низ ҳастанд. Донишгоҳ, коллеҷи техникӣ, музейҳо ва нигористон дорад. Ҷанубтари шаҳр кони ангишт мавҷуд аст.

Пайванд

вироиш

Манобеъ

вироиш
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983