Лидуш Ҳабиб (Алидоншоҳ Шораҳматуллоев; 2 майи 1963, Хоруғ) — рӯзноманигор, шоир, овозхон-бард (шоир-оҳангсоз-сароянда), (маъруф дар Бадахшон). Узви Иттифоқи журналистони СССР, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1994), Узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ.

Лидуш Ҳабиб
Алидоншоҳ Шораҳматуллоев
Иттилооти асосӣ
Номи пурра Алидоншоҳ Шораҳматуллоев
Таърихи таваллуд 2 май 1963(1963-05-02)
Зодгоҳ Хоруғ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 22 август 2002(2002-08-22) (39 сол)
Маҳалли даргузашт Хоруғ, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) сароянда, рӯзноманигор, шоир

Зиндагинома

вироиш

Алидоншоҳ Шораҳматуллоев 2 майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб солҳои 1980—1985 дар факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии шаҳри Куйбышев ба номи Н. Г. Чернышевский таҳсил кардааст. Солҳои (май) 1986—1988 (декабр) дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хидмат намуд.

Эҷодиёт

вироиш

Фаъолияти журналистиаш аз соли 1985 оғоз ёфтааст. Вай солҳои 1985—2002 ба ҳайси мухбир, мухбири махсус ва мудири шуъбаи забони русии рӯзномаи «Бадахшони советӣ» (ҳоло «Бадахшон») кор кардааст. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш таҳти унвони «Дарё та тизд» ба забони шуғнонӣ (Хоруғ, «Помир», 1991) табъ шудааст. Алидоншоҳ Шораҳматуллоев аз соли 1990 узви Иттифоқи журналистони СССР, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1994 узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ буд.

Аз айёми донишҷӯӣ бо сурудҳои «Эй кабутар…», «Боғбон», «Тим та ар Помир» аллакай машҳур буд. Он айём махсусан суруди «Эй кабутар» ё худ «Салӯм вамард лӯ» дар байни ҷавонони Бадахшон хеле маълуму машҳур буд. Лидуш Ҳабиб бештар сурудҳои танқидӣ мехонд ва роҳбарони бюрократу дурӯя ва ваъдахилофро зери тозиёнаи шеъру мусиқӣ мегирифт. Вай таронаҳои ишқӣ-лирикӣ низ дошт, ки хеле дилнишин ва маҳину форам садо медоданд.

22 июли соли 2002 дар синни 39-солагӣ дар шаҳри Хоруғ вафот кард.

Пайвандҳо

вироиш