ГНУ/Линукс

(Тағйири масир аз Линукс)

GNU/Linux («гну слэш ли́нукс» талаффуз мешавад) — озод ва [[системаи оператсионии UNIX-монанд.

Tux
Ин мақола дар бораи системаи оператсионӣ аст, ки одатан онро «Linux» меноманд.

Linux – системаи оператсионии озодасоси чандистифодабарандаи компютерњои фардии бо IBM PC-њамљоя ва стансияњои корї буда, бо системаи шабакавии графикї-равзанавии X_Window_System муљањњаз аст. Linux дорои дистрибутивњои (версияњо) зиёд – Debian, RedHat, SuSE, Mandrake, Knoppix, ALT Linux, ASPLinux ва ғайра мебошад. СО Linux бо стандарти системањои кушода ва протоколњои шабакаи Интернет кор карда метавонад ва бо системањои оператсионии Unix, MS DOS ва MS Windows њамљоя мебошад. Њамаи компонентњои система, аз љумла матни кодњои онро, дар асоси литсензия озодона нусхабардорї, пањн ва дар миқдори дилхоњи компютерњо гузоштан мумкин аст. Мањз барои њамин њам ин СО-ро системаи озодасос мегӯянд. Linux (Линукс) дар ибтидои солњои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишљӯи донишгоњи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалд сохта шудааст. Системаи Linux њамчун версияи СО Unix барои КФ эљод шудааст. Unix солњои дароз аст, ки дар мэйнфрейму мини-компютерњо ва стансияњои корї ба сифати СО-и асосї хидмат мерасонад. Linux аз Unix суръат, самаранокї ва чобукиро мерос гирифта, қариб њамаи вазифањои СО DOS ва Windows-ро иљро карда метавонад. Њангоми кор бо муш њар се тугмаи он истифода мешавад. Тугмаи мобайнии мушро барои гузоштани фрагментњои матн истифода бурдан мумкин аст. Аз нуқтаи назари иқтисодї Linux боз як бартарии дигари љиддї дорад – вай системаи оператсионии бепул аст. Linux мувофиқи литсензияи генералии шакли кушодаи GNU дар доираи бунёди (фонди) таъминоти программавии озодасос (Free Software Foundation) пањн карда мешавад, ки онро њар як хоњишманд дастрас карда метавонад. Аз Unix ба Linux боз ду хусусияти шоёни дигар – чандистифодабарандагї ва чандмасъалагї гузаштааст. Чандмасъалагї маънои иљрои яквақтаи якчанд масъаларо дорад. Чандистифодабарандагї бошад, далели он аст, ки дар система якбора якчанд истифодабаранда ба воситаи терминалњои алоњида кор карда метавонанд. Арзиши дигари Linux аз он иборат аст, ки вайро якљоя бо Windows дар як компютер гузоштан мумкин аст. Linux метавонад комютери дилхоњро ба стансияи корї табдил дињад. Дар њозира Linux-ро њамчун СО дар соњањои бизнес, маориф ва программасозии фардї истифода менамоянд. Вай дар ташкили шабакањои корпоративї, Интернет-нуқтањо ва Web-серверњо системаи оператсионии ивазнашаванда аст. Linux метавонад аз якчанд намудњои интерфейси графикї - KDE (K Desktop Environment), GNOME (GNU Network Model Environment) ва ғайра истифода барад. Дар њар яке аз ин қабатњои программавї истифодабаранда имконият дорад, ки якбора бо якчанд мизњои корї кор кунад, ки ин бартариро дар дигар СО вохӯрдан мумкин нест.

Хусусиятњои СО Linux

вироиш

Вақте сухан дар бораи Linux њамчун система меравад, доимо ягонагию њамбастагии ядро, shell, сохтори файлї ва утилитњои он дар назар дошта мешавад. Ядро - дили система аст. Программањои ядро барои бевосита идоракунии қисмњои аппаратурии компютер хидмат мерасонанд. Shell - интерфейси матнии истифодабаранда аст. Вай командањои истифодабарандаро қабул карда, барои иљро онњоро ба ядро интиқол медињад. Shell-ро мувофиқи эњтиёљоти мушаххаси истифодабаранда батанзим овардан мумкин аст. Дар таркиби Shell њатто забони программасозии махсус мављуд аст, ки онро барои сохтани скриптњо истифода бурдан мумкин аст. Программањои (командањо) стандартии системаи Linux-ро одатан утилитњо мегӯянд. Бо мафњуми сохтори файлї мо пештар шинос шуда будем. Ин сохтор дарахти каталогњоро мемонад, ки дар навдањои он файлњо ва зеркаталогњои дигар љойгир шудаанд. Дарозии максималии номи файлњои Linux ба 256 рамз баробар аст. Чун қоида бояд номи файл бо нуқта сар нашавад ва рамзњои / * ?-ро дар бар нагирад. Истифодабаранда – шахсест, ки дар система кор мекунад. Программањои тадбиқии мавриди истифода қароргирифтаро протсессњо мегӯянд. Барои истифодабарандаи система шудан, зарур аст, ки маъмури системавї login (номи дохилшавї) ва password (парол)-и шуморо ба қайд гирад. Login - барои ба система ворид гаштани истифодабаранда ва password - барои аз истифодаи login њифз намудани шахсони тасодуфї хидмат мерасонанд. Password - комбинатсияи махфии рамзњо буда, њангоми дохилкунї дар экран инъикос намеёбад. Дарозии password бояд аз 6 рамз кам набошад ва 4-тои онро њатман њарфњо ташкил дињанд. Password бояд тавре интихоб карда шавад, ки бахотиргирии он осон бошад ва дар таркибаш калимањои англисии маъмул вонахӯранд. Барои њифзи мутлақи файлњои худ, пас аз итмоми кор сеанси кориро пӯшидан лозим аст. Барои ин дар панели KDE-и қабати графикии KDE – пахши тугмаи ё пахши тугмаи дар KDE2 зарур аст. Ин амалиётро бо пахши сатри Выйти (баромадан) дар менюи асосии KDE (њангоми пахши тугмаи дар панели замимањо) низ ба сомон расонидан мумкин аст.

Муњити графикии KDE

вироиш

Программаи қабатии KDE – интерфейси пурра ва функсионалии истифодабарандаро муњайё сохта, ӯро бо равзанањо ва меню, ки барои идораи файлњо ва иљрои программањо заруранд, таъмин менамояд. KDE қабати стандартии командавиро иваз наменамояд, вай танњо истифодаи Linux-ро осон мегардонад. Дар асл KDE – ин лоињаи озод ва аз якдигар новобастаи садњо лоињакашони дунё ба шумор рафта, бањри эљоди муњити кории мӯътадил ва самарабахши мизњои кории замонавї, танзимшаванда ва устувор, ки асосашонро архитектураи шабакавии компонентї ва шаффоф ташкил медињад, равона карда шудааст. Соли 2001 версияи KDE 2.1 эљод шуд, ки вай муњити кории пуриқтидор, қулай ва бо Интернет интегратсияшудаи Linux ба шумор меравад. Дар ин версия программаи Konqueror - WWW-браузери замонавї ва менељери файлї ва инчунин KDevelop – муњити программасозї барои такмили KDE њамроњ карда шудааст. Ин версия бо 33 забони љањон тарљума шудааст ва зиёда аз 100 пакети программањоро, аз қабили бозињо, графика, мултимедиа, шабака, утилитњо ва ғайра дар бар мегирад. Командањоро одатан бо ёрии меню ё пиктограммањо дохил мекунанд. Агар онњоро бо ёрии интерфейси сатри командавї дохил кардан лозим бошад, он гоњ аз равзанаи shell (терминал, консол) истифода мебаранд. Аз равзанаи shell қабати программавии Midnight Commander-ро низ ба кор даровардан мумкин аст, ки намуди зоњирї ва тарзи кори он ба Norton Commander хеле шабоњат дорад. На бояд фикр кард, ки кор бо файлњо ва системаи файлии Linux танњо тавассути сатри командавї амалї гардонида мешавад. Менељери файлии Konqueror имконият медињат, ки аз воситањои замонавии кор бо файлњо истифода бурда шавад. Вале донистани командањо ба истифодабаранда имконият медињад, ки тамоми нозукињои СО Linux ба таври самарабахш азхуд карда шавад.

Барномаҳо

вироиш


Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Мақолаҳо

вироиш