Лойиш
Лойиш ( ӯзбекӣ: Loyish/Лойиш ) — шаҳрак дар ноҳияи Оқдарёи Вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз соли 1984). Маркази маъмурии ноҳия аст. Маркази вилоят ва наздиктарин истгоҳи роҳи оҳан аз Самарқанд 36 км дуртар аст. Аҳолӣ 11,5 ҳазор нафар (2002). Аз Оқдарё об мегирад. Номи шаҳр бо ҷойгиршавии он алоқаманд аст. Тахмин меравад, ки Лойиш номи худро аз қамишзорҳо ва ботлоқзорҳои байни шохаҳои дарёи Зарафшон - Оқдарё ва Қарадарё гирифтааст. Дар шаҳрак бинои ҳукумати ноҳия, заводҳои хишт, консерв, ташкилотҳои сохтмонӣ, шуъбаи алоқа, муассисаҳои фарҳангӣ, савдо ва хизмати маишӣ, 2 мактаб-интернати таҳсилоти умумӣ, мактаби мусиқӣ, мактаб-интернатҳои махсус, коллеҷи педагогӣ, хонаи фарҳанг, китобхонаи марказӣ,варзишгоҳ, ва боғи фарҳанг ва истироҳат (дар боғ ёдгории шахсони дар ҷанг ҳалокшудагон гузошта шудааст), беморхона ва дигар муассисаҳои тиббй мавҷуданд. Роҳи мошингарди Катта Зарафшон аз мавзеи Лойиш мегузарад.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
|