Лолагӣ (деҳа, н. Ҳисор)
Лолагӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Лолагӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 9 км. Аҳолиаш 3594 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3594 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Аз номаш маълум аст, ки пуштаву адирҳояш гулу гулзору лолапӯшанд, соҳиби замини зиёди лалмӣ аст, замини обӣ аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ карда мешавад, мардумонаш зироаткору боғдору чорводоранд. Лолагӣ дар самти шим. Ҷамоати Навобод ҷойгир аст. Аз Лолагӣ то маркази ҷ.д. 7 км ва то маркази ноҳия 14 км, роҳ мумфарш мебошад, 437 хоҷагӣ дорад, аҳолияш 3340 нафар мебошад. Дар Лолагӣ мактаби миёнаи № 35 амал мекунад, ки дар он 32 нафар омӯзгор ба 756 хонанда дарс медиҳанд ва маркази саломатӣ ба мардум хидмат мерасонад, 45 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва фермаи ширию молии «Сахӣ» фаъолият мекунанд, чор масҷиди намози панҷвақта мавҷуд аст.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 339