Лолазор (деҳа, н. Ҳисор)

Наврӯзӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Наврӯзӣ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 35 км. Аҳолиаш 737 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Лолазор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 737 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Номи пештараи деҳа Узунохур буд, ки шакли вайроншудаи Зинохур аст.

Иқтисод вироиш

Дар гузашта аҳолӣ ба ҳунармандӣ шуғл доштанд: кафшҳои чӯбин, табақу чумча месохтанд, чармгарӣ мекарданд. Ҳоло асосан ба кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар Лолазор мағоза, мактаби асосӣ, бунгоҳи тиббӣ ва масҷиди панҷвақта амал мекунанд[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 339

Сарчашма вироиш