Лола Ёдгорова
Лола Рустамовна Ёдгорова (Муллоҷонова) (20.03.1959, Душанбе) — химбиолог. Номз. илмҳои химия (1995). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (1998).
Матлуба Расуловна Бердиева | |
Таърихи таваллуд | 20 март 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Лабор. гигиенаи ғизо ва токсикологияи ИТИ-и тибби профилактикӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Зиндагинома
вироишЛола Ёдгорова дар фак. химбиол. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил кардааст (1976–84). Пас аз хатми УДТ лабор. калон (1987–90), корм. хурди илмии Лабор. токсикологӣ (1990–93), пизишк-биолог. Лабор. ҷамъоварӣ ва коркарди хуни махлут (плацетарӣ, 1993–95), корм. калони илмии Лабор. гигиенаи ғизо ва токсикологияи ИТИ-и тибби профилактикӣ (1995–99), ҷон. дир. оид ба корҳои илмии Ин.-ути мазкур (1999–2008). Аз. С. 2008 – муд. шуъбаи гигиена ва ҳифзи муҳити зисти Ин.-ути ёдшуда ва ҳамзамон коршиноси Лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба мушкилоти иҷтимоии экологӣ. С.1989–94 дар Ин.-ути умумиит. тадқ. илмии гигиенаи полимерҳо ва токсикологияи пестисидҳои Киев таҳсил намуда, соли 1995 дар мавзӯи «Гигиена ва токсикология» рисолаи номз. дифоъ кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи беш аз 120 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 8 тавсияи методикӣ ва пешниҳоди ратсионализаторӣ – «Условия формирования регионов экологического неблагополучия в Республике Таджикистан» (ҳаммуаллиф, Д., 1998), «Влияние экологических факторов на иммунный статус детей, проживающих в Турсунзадевском районе» (ҳаммуаллиф, Д., 2000), «Особенности микрофлоры содержания бронхов и мокроты ӯ больных бронхолегочными заболеваниями» (ҳаммуаллиф, Д., 2005), «Изучение содержания фтора в воде хозяйственно-питьевого назначения надземных и подземных источников в различных регионах Таджикистана» (ҳаммуаллиф, Д., 2014) ва пешниҳоди ратсионализатории «Метод определения оксим банвела Д в воде и биопробах» (Д., 1989) ва ғ. Хидматҳояш бо мед. ба номи И.И. Мечников ва ба номи И.П. Павлов ва чандин Ифтихорномаи Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6