Ломиса — яке аз қувваҳои ҳисси панҷгона.

Тавсиф

вироиш

Ломиса барои роҳ ёфтан дар торикӣ ёрӣ мерасонад, имкон медиҳад, ки нафақат мавҷудияти предмет, балки андоза, ҳарорат, намӣ, сатҳи он (ҳамвор, шахшӯл ва ғайра) муайян карда шавад. Ҳисси ломиса аз маҷмӯи хабарҳое, ки ба мағзи сар аз торҳои асаб (ретсепторҳо) меоянд, таркиб меёбад. Ретсепторҳо асосан дар пӯст ва луобпардаҳое ҷойгиранд, ки бевосита ба муҳити берун алоқа доранд (мас., ҷавфи даҳон, бинӣ, ҳалқ ва ғайра).

Ломисаи атрофи даҳон ва луобпардаи лаб (хусусан дар кӯдакон) ниҳоят ҳассосанд. Баробари беш аз пеш калонсолтар шудан ва вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ ҳассосии Ломисаи ангуштон афзуда, дар натиҷа қобилияти палмосида дарк кардани сифати предметҳо пайдо мешавад. Ҳарор. муҳити атрофро нӯги торҳои асаб (терморетсепторҳо) дарк мекунанд. Расидани сигналҳо (дар бораи вазъи бадан дар фазо ва дараҷаи кашишхӯрии мушак) барои фаъолияти мӯътадили мушакҳо шарти зарурист. Одам ин қабил сигналҳоро ҳамчун «ҳисси мушак» дарк менамояд, ки онро ретсепторҳои мушакҳою бандҳо интиқол мекунанд. Одам ба чунин ҳиссиёт «такя» карда, дар муҳити муқаррарӣ аниқ ва дилпурона ҳаракат мекунад. Вале дар муайян кардани масофаи предметҳо нафақат «ҳисси мушак», балки босира ҳам иштирок менамояд.

Ломиса барои шахсони нобино дар дарки муҳит аҳамияти калон дорад. Нобиноён бо истифода аз ломиса метавонанд кори басо нозук ва мураккабро иҷро кунанд. Махсусан ломисаи шахсони ҳам нобино ва ҳам кар ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтааст. Таълими махсуси чунин одамон (таълими нутқ, хат ва малакаҳои меҳнатӣ) бар такмили ломисаи онҳо вобаста мебошад.

Ихтилоли ҳисси ломиса дар қисман ё пурра гум кардани он ифода мегардад, ки ин ба иллатёбии силсилаи асабҳои марказӣ вобаста аст. Пӯсти ҷойҳои муайяни баъзе шахсон ниҳоят ҳассосанд. Аз ҳад зиёд ҳассос будани пӯст мумкин аст оқибати бемории баъзе узвҳои дарунӣ бошад. Чунин вобастагӣ дар ташхис ва табобати як қатор амрози узвҳои дарун (мас., ба ҷойҳои ҳассоси пӯст бо масҳ ва диг. усулҳои табобат таъсир расондан) ба духтурон ёрӣ мерасонад.

Сарчашма

вироиш