Лондон
Лондон, ё Ландан (англ. London [ˈlʌndən] ) — пойтахт ва бузургтарин шаҳри Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва аз ҳама сераҳолитарин шаҳр дар Аврупо мебошад.[2]
Пойтахти Бритониё | |
---|---|
англ. London | |
![]() | |
Кишвар | Бритониёи Кабир |
Координатаҳо | 51°30′26″ с. ш. 0°07′39″ з. д.HGЯO |
Роҳбар | Содиқ Хон[d][1] |
Коди телефон | 20, 1322, 1689, 1708, 1737, 1895, 1923, 1959, 1992 |
Ҷуғрофия ва иқлимВироиш
Иқлими Лондон — баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи январ 10-15С°, июл — 18,9°С
БахшбандӣВироиш
Ноҳияҳои асосии Лондон; Сити — дар он бонкҳою биржаҳо, идораҳои монополияҳои калон, бинои парлумон, муассисаҳои хукуматӣ ва қароргоҳи подшоҳ (қасри Букингем) ҷой гирифтаанд. Трафалгар Уэст-Энд — маҳалли истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, Ист-Энд — пойгоҳи таъмири киштиҳо ва маҳалли коргарнишин мебошанд.
ТаърихВироиш
Лондон таърихи дуҳазорсола дошта, асрҳои XI—XII — пойтахти расмии Инглистон шудааст. Асрҳои XVII—XVIII Лондон ба яке аз бандарҳои калонтарини баҳрии дунё, маркази калони тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил ёфтааст. Сокинони шаҳри Лондон дар инқилоби буржуазии Англия нақши бузург бозиданд. Лондон маркази калонтарини ҳаракатҳои коргарӣ, яке аэ манбаъҳои асосин ҳаракати чартистӣ буд. С. 1847 дар Лондон Конгрессҳои 1-ум ва 2-юми Иттифоқи коммунистон баргузор шуд. Асрҳои 19—20 дар Лондон К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин кор ва зиндагӣ кардаанд. Соли 1902 дар Лондон рӯзномаи "Искра" чоп мешуд.
ИқтисодВироиш
Дар Лондон ва атрофи он корхонаҳои гуногуни саноатӣ ҷой гирифтаанд: мошинсозӣ, коркарди оҳан (саноати ҳавогард ва худравсозӣ, электротехникӣ ва электронӣ, атомӣ асбобсозӣ, таъмири киштиҳо, истеҳсоли дастгоҳҳои радиоӣ, телефон ва ғ), коғазбарорӣ, коркарди нафт ва полиграфӣ, хӯрокворӣ, тамоку, дӯзандагӣ, кимиё, чӯбгарӣ, мебелсозӣ ва ғ. Саноати Лондон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат мавқеи муҳим дорад.
ҶамъиятВироиш
Лондон якҷоя бо ноҳияҳои атрофи шаҳр Лондони Бузургро ташкил медихад, ки аз 32 шаҳристон ва ноҳия иборат аст. Масоҳат — 1.8 хаз км². Аҳолӣ — 8 961 989 нафар (2020).
НақлиётВироиш
Фурудгоҳҳо: Лондон (Ҳитроу) ва Гатунк. Сохтмони метрои Лондон соли 1860 оғоз ёфта дар дунё қадимтарин аст.
МаорифВироиш
Дар Лондон Донишгоҳи Лондон, Донишгоҳи шаҳрӣ, Институти политехникии шаҳрӣ, Академияи санъати драмавии подшоҳӣ, Академиян мусиқии подшоҳи. Мактабн балети подшоҳй,
ФарҳангВироиш
Лондон зиёда аз 30 осорхона, аа ҷумла Осорхонаи Британия, Осорхонаи илмӣ, Осорхонаи геология, Нигористони миллӣ, Осорхонаи баҳрии миллӣ, Театри миллӣ, театрҳои опера ва балети «Ковент-Гарден» ва «Сэдлерс-Уэлс», Китобхонаи осорхонаи Британия, Китобхонаи илмии техникии миллӣ дорад.
ВарзишВироиш
Лондон Бозиҳои Олимпии Тобистонаро ду маротиба, дар 1908 ва 1948. Дар июли 2005 Лондонро барои гузаронидани бозиҳои 2012 итихоб караданд, кадоме ки Лондонро якумин шаҳри се маротиба Бозиҳои Олимпии Тобистонаро мегузаронад.[3]
Машҳуртарин варзиш дар Лондон (ҳам барои бозингарон ва тамошобинон) футбол мебошад.[4]
НигаредВироиш
СарчашмаВироиш
- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Д., 1983
ПайвандҳоВироиш
- Mayor of London, London Assembly and the Greater London Authority — Official city government site
- Office for National Statistics: Focus on London 2003 — compendium of official statistics about London
ЭзоҳВироиш
- ↑ https://www.london.gov.uk/people/mayoral/sadiq-khan
- ↑ Дафтари оморуи Милли, «Шаҳри калонтарини Аврупо» www.statistics.gov.uk
- ↑ «IOC elects London as the Host City of the Games of the XXX Olympiad in 2012», International Olympic Committee, 6 July 2005. URL accessed on 3 June 2006.
- ↑ Football (from London) Бойгонӣ шудааст 25 Декабри 2007 сол., Encyclopædia Britannica. L. Retrieved 14 June 2006.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |