Луи Блерио
Луи́ Блерио́ (фр. Louis Blériot; 1 июл 1872, Камбре — 2 августи 1936, Порис) — ихтироъкор, авиатор ва соҳибкори фаронсавӣ.
фр. Louis Blériot | |
Таърихи таваллуд | 1 июл 1872[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1 август 1936[1] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | халабон, муҳандис, ихтироъкор, муҳандиси ҳавофазо, тоҷир |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишСоли 1895 маълумоти муҳандисӣ гирифта, ҳамчун соҳибкор истеҳсоли фонусҳоро ба роҳ монд. Соли 1907 нахустин аэропланро сохт. Блерео аввалин ҳавонавардест, ки гул. Ла-Маншро 25 июли 1909 парвоз карда гузаштааст ва нахустин фаронсавиест, ки шаҳодатномаи ҳавонавардиро гирифтааст. Моноплани Блерео бар хилофи биплани амрикоиҳо ва англисҳо мукаммалтар буд. Блерео аэроплани худро сол аз сол такмил медод. Соли 1914 бо ширкати худ «Blériot Aéronautique» дороиҳои ширкати калонтарини авиатсиониии SPAD-ро, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ зиёда аз 10000 мошини авиатсиониро сохта буд, харид. Баъди ҷанг Блерео истеҳсоли мототсиклҳоро ба роҳ монд, вале кораш омад накард. Истеҳсоли мототсикли намунаи ягонаи муҳаррикаш 500 см3 соли 1923 қатъ гардид. Ширкати Блерео сохтани тайёраҳоро дар давраи байниҷангӣ низ давом дод. Аз ҷумла солҳои 1923-26 тайёраҳ, мои мусофирбари Blériot-115, 135, 155, 165, соли 1926 бомбаандози думуҳаррикаи Blériot-127, соли 1931 тайёраи мусофирбари дуфюзеляжии думуҳаррикаи Blériot-125, киштии парвозкунандаи трансатлантикии таҷрибавии Blériot-5190 низ дар ширкати Блерео. сохта шуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Louis Charles Joseph Bleriot (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ Crouch T. D. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118659049 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Сарчашма
вироиш- Блерио Луи / Т.Ҷӯраев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.