Лутфия Иматова (Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна; 8 октябри 1966, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Лутфия Иматова
Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна
Таърихи таваллуд 8 октябр 1966(1966-10-08) (58 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии Душанбе
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна 8 октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1983 мактаби миёнаи № 11-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Соли 1987 факултети педагогикаи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Дар солҳои 1987—1993 ба ҳайси ассистенти кафедраи психологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият намудааст. Солҳои 1993—2012 ба ҳайси ходими илмӣ, мудири шуъбаи омӯзиши таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Баъдан солҳои 2012—2014 ба вазифаи муовини директор оид ба илми муассисаи мазкур таъйин гардидааст. Соли 2014 ба ҳайси мушовири Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз моҳи апрели соли 2015 ба вазифаи сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Аз феврали соли 2017 то январи 2020 ҳамчун мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонба номи С. Айнӣ кор кардаст[1].

Лутфия Иматова 31 январи 2020 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Лутфия Иматова соли 2000 аспирантураи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро хатм намуда, рисолаи номзадиро роҷеъ ба «Инкишофи нутқи мураттаби кӯдакони синни калони томактабӣ мавриди шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» дифоъ намудааст. Пас аз хатми докторантура, соли 2013 рисолаи докториро дар мавзӯи «Асосҳои назариявии бароҳмонии раванди муттасилӣ дар таҳсилоти кӯдакони синни калони томактабӣ ва ибтидоӣ дар ҷанбаи инкишофи нутқ» бомуваффакият дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои педагогӣ гардидааст. Соли 2014 ба Иматова Лутфия унвони илмии дотсент дода шудааст.

Зери роҳбарии Иматова Лутфия аспирантон ва магистрҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Иматова Лутфия узви шурои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, узви гурӯҳи ҳамоҳангсозии барнома ва китобҳои дарсии таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 5 барномаи таълимию тарбиявӣ ва 8 дастури методӣ буда, беш аз 50 мақолаҳои илмию методиро дар рӯзномаю маҷалла ва маҷмӯи конференсияҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ чоп намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф қадр шудааст.