Лутфия Маҳмадулло
Лутфия Маҳмадулло (тав. 08.10.1966, Душанбе) — омӯзгор, олим, доктори илмҳои педагогӣ (2014), профессор (2020). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), дорандаи Медали «Хидмати шоиста» (2021).
Таърихи таваллуд | 8 октябр 1966 (58 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмон Ҷомӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), дорандаи Медали «Хидмати шоиста» (2021) |
Зиндагинома
вироишЛутфия Маҳмадулло хатмкардаи шуъбаи педагогика ва психологияи факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (с. 1987). Фаъолияти меҳнатиаш: с-ҳои 1987–1988 лаборанти калон, 1988–1993 ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. С-ҳои 1993-2012 дар вазифаҳои ходими илмии лабораторияи тарбияи томактабӣ ва таълими ибтидоӣ, мудири ҳамин лаборатория, мудири шуъбаи омӯзиши таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, с-ҳои 2012-2014 муовини директор оид ба илми ҳамин муассиса. Соли 2014-2017 вазифаи сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2017-2020 дар вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2020 директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмон Ҷомӣ таъин гардидааст. Дар мавзуи “Асосҳои назариявии бароҳмонии раванди муттасилӣ дар таҳсилоти кӯдакони синни калони томактабӣ ва ибтидоӣ дар ҷанбаи инкишофи нутқӣ» (2014) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ