Мавзуни Бадахшонӣ - Мулло Исои Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷикзабони асри XIX мебошад. Дар Ҳисор зиндагӣ ва эҷод кардааст. Чанде дар Бухоро ҳам будааст. Аз Мавзун чанд ғазалу мухаммас ва як маснавӣ боқӣ мондааст. Маснавии ӯ – «Маснавии Мавзун» (1861), ки як нусхаи он зери рақами 642 дар ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФҶ Тоҷикистон маҳфуз аст, шуҳрат дорад. Дар пайравии достонҳои халқӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таълиф ёфтааст. Маснавӣ қиссаи ишқи ду дилдода – шоҳ Тахмосии Хуҷандӣ ва малика Гулчеҳраро дар бар мегирад. Қаҳрамони маснавии Мавзун Одилшоҳ тимсоли шахси таърихӣ будааст. Подшоҳони замонашро ба накӯкорӣ, адлу адолат ва инсондӯстӣ даъват кардааст. Ғазалҳои Мавзун бештар ошиқона буда, самими эҷод шудаанд. Ин ғазал аз ӯст:

Шабе сарви гуландомат хаёлангези дилҳо шуд,
Баҳори хотири ошуфтагонро сад чаман во шуд…
Гаҳе бо луфт омезӣ, гаҳе бо қаҳр хун резӣ,
Ба ин оин кадомин нуқтаомӣзи ту доно шуд.
Рав акнун бо мазори куштаи теги ду абрӯят,
Ки аз хокаш ҳазорон лолаву гулзор пайдо шуд…
Надонам, чашми мастонат чи мазмун дар адо дорад,
Ки аз ҳар мисраи Мавзун хаёли ноз пайдо шуд.

Маснавӣ

вироиш
Ба базми нуқтадонӣ мутриби роз,
Чунин мизроб зад бар тори ин соз.
Ки шоҳе дар Хуҷанд маснаднишин буд,
Ҷаҳонаш ҷумла дар зери нигин буд.
Зи гардун дошт рафъат боргоҳаш,
Зи анҷум касрати аъдосипоҳаш,
Зи тоҷаш рӯйи байзо мехарошид,
Зи теғаш нақши аъдо метарошид.
Саодат бо зафар будӣ қаринаш,
Ба ҳар коре муин ҷонофаринаш.
Ба гетӣ ҳар куҷо фармонраво буд,
Ҳама бар остонаш ҷабҳасо буд.
Валекин ном одилшоҳ будаш,
Ҷаҳоне аз адолат месутудаш.
Ба хони ҳиммати он олиҷоҳӣ,
Муваззаф буда беш аз мурғ моҳӣ.
Ҳазорон гавҳари шаҳвори ҷовид,
Бар айвонаш чу кавкаб медурахшид.
Вале пайваста ӯ хунинҷигар буд,
Ки нахли боғи наслаш бесамар буд.
Ниҳолаш дар ҳадиқи васл пайваст,
Ҳамекарду шукуфа, барнамебаст
Чу найсон ӯ садафро қатра яксар,
Фурӯ мерехт, кай мегашт гавҳар.
Аз ин ғам дошт рангин офтобӣ,
Зи ҳад афзун чу симоб изтиробе,
Ба шабҳо буд бедор ҳамчу ахтар,
Ба рӯз андар муҳити ғам шиновар.
Ба ногаҳ шуд мушарраф бо шаби қадр,
Шабоҳи давлаташ рахшид чун бадр.
Тазаррӯъ карду ҷабҳа бар замин суд,
Чунин нолид бар даргоҳи маъбуд.
Ки эй фарди қадими беназоир,
Зи сунъат арш сокин, чарх доир.
Вуҷуди ҷисми ҷон аз қудрати туст,
Зуҳури обу ранг аз ҳикмати туст.
Куҷо лутфи ту донад душману дӯст,
Кашад мағзи умеди ҷумла аз пӯст.
Касе, к-у аз ҳама олам ҳақир аст,
Зи дигарҳо бар он файзат касир аст.
Ғараз, аз лутфи ту дар даҳр кас нест,
Ки бар мақсудаш ӯро дастрас нест.
Зи алтофат маро аврангу шоҳӣ,
Ато кардӣ чунонам дастгоҳе.
Ки дар зери сипеҳр аз шаҳриёрон,
Надида ҳеч кас з-ин гуна даврон.
Агар ҳар мӯ шавад бар тан забонам,
Куҷо шукри туро гуфтан тавонам.
Аз ин пас орзуе дар дилам нест,
Дар ин офоқ кори мушкилам нест.
Вале гулзори васлам бебаҳор аст,
Аз он пайваста ҷонам бар шарор аст.
Чу дар гетӣ ба ҷои ман халаф нест,
Аз он тири муродам бар ҳадаф нест.
Дар ин андеша доим талхкомам,
Ки дар офоқ шуд мастур номам.
Ба олам гар касе фирӯзфоласт,
Яқин ӯ соҳиби фарзанду мол аст.
Ҳамехоҳам зи лутфат, эй Худованд,
Диҳӣ бар ман яке шоиста фарзанд,
Ки баъд аз ман нишинад бар сарирам,
Дуои хайр бахшояд, касирам.
Ба рӯйи даҳр номам зинда дорад,
Шукӯҳамро баландовоза дорад.
Зи шасти сидқи ӯ тири дуояш
Баромад зад ба сайди муддаояш…
Дар ин зулматсаро дар бурзи шоҳӣ,
Бурун омад яке рахшанда моҳӣ.
Ту гӯӣ Юсуф аз алтофи довар,
Дубора бар замин омад зи модар.
Давиданд маҳрамон аз шодии хеш,
Гирифтанд ин навид аз шоҳи дилреш.
Ки руст аз гулшанат зебониҳоле,
Ба ораз шамсу бо абрӯ ҳилоле.
Зи хосон ин сухан чун шоҳ бишнуд,
Ҷабин баҳри суҷуд ӯ бар замин суд.
Чунон баҳри нишоташ зад талотум,
Ки кард аз шодмонӣ хешро гум.
Чунин мегуфт, бедорист ё хоб
Ки омад бар лаби хушкам дами об?
Дуое аз кадомин раҳнамоест,
Ки бар ман воқеъ ин лутфт худоист.
Бад-ин сон шодии бисёр мекард,
Дамодам шукри ҳақ такрор мекард.
Табақҳои нисор аз лаълу гавҳар,
Чунон афшонд барии он моҳпайкар.
Ба ҳар ҷое, ки дарвеше аён буд,
Зи теғи фақр доим хастаҷон буд.
Зи ҷуди ӯ ҳама дилшод гаштанд,
Зи қайди муфлисӣ озод гаштанд.
Аз он пас домани ҳиммат барафшонд,
Саманди шодмонӣ бар фалак ронд