Мавлоно Муҳаммади Қаҳистонӣ

Мавлоно Муҳаммади Қаҳистонӣ (1358, Қуҳистон — 1444, Самарқанд) — мусиқидон, хонанда, шоир, базлагӯ ва ҳаҷвнигори фрс-тоҷик.

Мавлоно Муҳаммади Қаҳистонӣ

Зиндагинома вироиш

Дар санъати шеър (мутоиба), ҳаҷв, хонандагӣ (овози бисёр муассир), мусиқӣ табъи баланд дошт ва аз ғаниматҳои Темур (1370—1405, дар замони забт ба Шероз) буда, аз Самарқанд ду бор фирор намудааст. Сознавозию овозхониро назди Хоҷа Абдулқодир (1356—1435) амиқтар омӯхта ва аз дӯстони наздику ҳамкораш дар Самарқанду ҳирот буд. Мавлоно Муҳаммади Қаҳистонӣ дар иҷрои қисса, достонҳои қаҳрамонӣ, ҳамосӣ маҳорати баланд дошта, қиссаҳон таърихиро дар либоси шеър ворид намуда месуруд. Дар санъати ҳаҷв ва мутоиба ҳам истеъдоди баланд дошт ва дар бораи Темур ҳаҷвҳои тезу тунд тасниф кардааст.

Таснифоти Хоҷа Абдулқодир «Амали тарона», «Амали Бӯстон», «Амали гесӯ»-ро бо тозакориҳои иҷроӣ анҷом додааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 121. — ISBN 978-99947-49-13-3