Мавлонҷар — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Мавлонҷар то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1903 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Мавлонҷар
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1903 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Иқтисод

вироиш

Дар Мавлонҷар мактаби асосии № 101 мавҷуд аст, ки дар он 20 нафар омӯзгор ба 334 нафар шогирд сабақ медиҳад, як масҷиди панҷвақта ва 22 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият мекунанд. Аз дарёи Хонақоҳ тавассути канали Ғуриёт об меояд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 345