Мавлон Раҳмонов
Мавлон Раҳмонов (тав. соли 1909, ноҳияи Конибодом – ваф. 21.03.1979, шаҳри Душанбе) — муаррих, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1970).
Мавлон Раҳмонов | |
Таърихи таваллуд | 1909 |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом |
Таърихи даргузашт | 21 март 1979 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | ордени «Ситораи сурх» |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1930–1931 шунавандаи мактаби дусолаи муаллимтайёркунӣ, 1931–1933 аскари сурх дар шаҳри Сталинобод, 1933–1934 шунавандаи курси тайёрӣ, 1934–1939 донишҷӯи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1939–1940 ҳамчун муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод кор кардааст. Солҳои 1940–1941 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгории пойтахт таҳсил намудааст. Солҳои 1941–1945 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1945–1949 лектори шуъбаи таблиғоти КМ ҲК Тоҷикистон, 1949–1979 муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи марксизм-ленинизм ва таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ аст. Дар таълифотҳояш ёрии мардуми Тоҷикистонро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ намудааст. Бо ордени «Ситораи сурх» ва 3 медал мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Помощь таджикского народа в годы Великой Отечественной войны 1941– 1945гг. // Ученые записки Госпединститута, Д., 1961, №1.