Мавлуда Кенҷаева
Мавлуда Кенҷаева (Кенҷаева Мавлуда Ҳодиевна; 18 январи 1950, Қистакӯз, ноҳияи Хуҷанд — 2015[1]) — рӯзноманигори тоҷик, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, духтари Ҳодӣ Кенҷаев.
Зиндагинома
вироишМавлуда Кенҷаева 18 январи соли 1950 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 4-уми деҳаи Қистакӯзро соли 1966 хатм карда, ба шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1971 ба итмом расонд. 5 сол дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», чанд муддат дар китобхонаи деҳаи Қистакӯз кор кард. 2 соли минбаъда корманди Нашриёти давлатии «Ирфон» (шаҳри Душанбе) буд.
Солҳои 1977—1984 муҳаррири Сарредаксияи тарғибу ташвиқи Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1984—1990 мухбири калони маҷаллаи ҷумҳуриявии «Фирӯза» буд. Соли 1990 муовини раиси Иттиҳоди занони Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 сарвари корхонаи «Хистеварз»-и назди ҳамин иттиҳод таъин гардид. Солҳои 1997—2001 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд[2].
Аз соли 2001 мудири бахши робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсии шӯъбаи масоили иҷтимоию фарҳангӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҳукумати вилояти Суғд буд.
Муаллифи китоби «Муаллимони қаҳрамон» (ҳаммуаллиф бо М. Бозорбоева) аст[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақвими моҳ. 18-уми январи соли 2020. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (31 Декабри 2019).
- ↑ Кенҷаева Мавлуда Ҳодиевна. Ҳақиқати Суғд.
- ↑ Тақвими рӯз: 70-солагии муаллифи «Муаллимони қаҳрамон» ва таъсиси Институти илмӣ-таҳқиқотӣ. Pressa.tj (17 Январ 2020). 19 Декабри 2024 санҷида шуд.