Мавлуда Қосимова
Мавлуда Ҷамоловна Қосимова (тав. 29.12.1956, Душанбе) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1995), дотсент (1997).
Мавлуда Ҷамоловна Қосимова | |
Таърихи таваллуд | 29 декабр 1956 (67 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзӣ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Зиндагинома
вироишМавлуда Ҷамоловна Қосимова соли 1979 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1979–1981 муаллими мактаби миёнаи ш. Душанбе, 1982–1985 муаллими кафедраи математикаи ҳисоббарории Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1985–1986 аспиранти Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи Ломоносов буд. Солҳои 1986–1992 ҳамчун муаллими калон, 1992–2001 дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият намудааст. Аз соли 2001 дар донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамун ҳамкор кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 15 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |