Мавсил ( ар. الموصلал-Мавсил  ; курд Мавсил) — шаҳр дар шимоли Ироқ, маркази устони Нинво ва пурҷамъияттарин шаҳри Ироқ пас аз Бағдод ва маркази иқтисодии шимоли кишвар мебошад. Бахши аслии шаҳр дар каронаи шарқии рӯди Даҷла ҷой гирифтааст ва дар каронаи ғарбии он бозмондаҳои шаҳри бостонии Нинво ҷойгир аст. Ба воситаи Мавсил шоҳроҳи Сулаймония – Киркук – Арбил – Мавсил мегузарад. Роҳи ооҳан ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Город
Мосул
ар. الموصل
36°22′ с. ш. 43°07′ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Роҳбар list of Emirs of Mosul[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 700
Масоҳат
  • 180 км²
Баландии марказ 223 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ маслави
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 60, 40
Мосул дар харитаи
Мосул
Мосул
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Бинои шаҳрро ба Заҳҳок нисбат медиҳанд. Мавсил аз аёлоти императории Соcонӣ буд ва Бузардашер номида мешуд. Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб ба дасти Утба ибни Фартад фатҳ шуд. Марвони дуввум Мавсилро маркази вилояти ал-Ҷазира қарор дод. Пас аз марги Мутаваккил қисмате аз ин ноҳия ба дасти ба Хавориҷ афтод. Курдҳо пайваста бар халифаҳои араб мешӯриданд ва саранҷом дар охири асри 9 саркӯб шуданд. Аз он таърих ба баъд Ҳамдониён дар оғоз ба унвони ҳоким ва сипас халифа (аз соли 929) бар Мавсил ҳукм ронданд. Дар соли 1244  Ҳулокухон шаҳрро гирифт ва дар 1262 муғулҳо Мавсилро ғорат карданд. Мавсил аз шаҳрҳои куҳантарини тамаддуниҳои қадими олам аст. Дар он мероси таърихиву фарҳангии мутааддиди замонҳои гуногун боқӣ мондааст: боқимондаи деворҳои қалъа (асрҳои 12-13), Масҷиди бузурги Нуриддин (1170–72), харобаҳои қасри Қарасарой (1234), масҷид-мавзолеи Ҷирҷиси набӣ (1393), калисои асримиёнагии масеҳӣ (асри 10), масҷид-мавзолеи Юнуси набӣ (асри 10) ва ғ. Аксари донишмандон ва низ мардумони маҳаллӣ ба ин боваранд, ки паёмбарон – Юнус, Ҷорҷис ва Шис дар Нинво мадфунанд. Матоъҳои Мавсил дар гузашта шуҳрате вижа доштанд ва порчаи маъруф мавсилин номи худро аз онҷо гирифтааст. Элхониён , Оли Ҷалоир, Сафавиён, Усмониҳо ва Биритониё бар ин шаҳр ҳукумат карданд. Дар аввали асри 20 ба сабаби бунёди канали Суес ва тавсеаи бандари Басра, аҳаммияти тиҷории Мавсил коста ва ин шаҳр тобеи Бағдод шуд. Соли 1925, алорағми эътирози мардум,Туркия Мавсилро қисме аз ҳудуди Ироқ шинохт. Моҳи марти соли 1991 аз ҷониби сипоҳиёни Ҷабҳаи миллии Курдистон ишғол гардид, апрели ҳамон сол ба таркиби Қатъномаи Маҷмаи умумии Сомони миллали муттаҳид даромад.

Иқтисод

вироиш

Аз оғози солҳои 1990 дар баробари Бағдод ва Басра яке аз се маркази муҳимми иқтисодии Ироқ ба ҳисоб меравад. Асоси иқтисоди шаҳрро саноати сабук (нассоҷӣ, аз ҷумла истеҳсоли мавсилин, ҳамчунин, чарму пойафзор), хӯрока, коркарди филиз, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ташкил медиҳад. Дар ибтидои асри 21 аз ҳисоби амалиётшои низомӣ амалан тамоми корхонаҳои саноатӣ аз кор бозмонданд. Солҳои охир корхонаҳои аз сари нав ба фаъолият шуруъ карданд. Саноати коркарди нафт низ рушд кардааст.

Фарҳанг ва маориф

вироиш

Донишгоҳи Мавсил (1967) яке аз бузургтарин марказҳои илмии Ироқ мебошад. Ҳамчунин, Осорхонаи Мавсил (1951) ва чандин осорхонаву муассисаҳои фарҳангии дигар фаъолият доранд.

 
Масҷиди бузурги Мавсил
 
Манораи масҷиди ҳазрати Юнус (соли 2014 аз ҷониби ДОИШ хароб карда шуд)

Адабиёт

вироиш
  • Густерин П.В. Шаҳрҳои Шарқи Араб. - М.: Восток-Запад, 2007. — 352 с. — (Маълумотномаи энциклопедй). — 2000 нусха. — ISBN 978-5-478-00729-4