Мавъиза
Ваъз (ар. وعظ — панд), мавъиза (ар. موعظة) — баёни аҳкоми шаръӣ (бештар аз болои минбар) ва тарғиби мардум бо суханони дилнармкунанда ба аъмоли нек ва наҳйи онҳо аз аъмоли зишту ношоиста; василаи таблиғи дин, таҳкими имони диндорон, боздоштани онҳо аз анҷом додани корҳои аз ҷониби шариат манъшуда ва ҳидоят ба хайрхоҳиву некукорӣ, воситаи муҳимми тарбияи ахлоқии ҷомеаи динӣ.
Ваъз асосан дар динҳои тавҳидӣ аз мақоми муҳим бархурдор аст. Чунончи, аз воизони бисёр маъруфи масеҳият дар императории Византия қиддис Юҳаннои Зарриндаҳан аст, ки мавъизаҳояш машҳуранд. Қиддис Августин низ воиз ва хатиби забардасте буд. Ваъз яке аз сабабҳои барангехтани ҷангҳои салибӣ гардида буд. Мавъизаҳои Пири Мунзавӣ дар эҷоди ҷанги аввали салибӣ ва мавъизаҳои қиддис Бернар, ки ӯро аз бузургтарин воизони асрҳои миёна медонанд, дар барангехтани ҷанги дуввуми салибӣ асари умда дошт. Дар давраи ислоҳи динӣ (Реформатсия) Мартин Лютер бузургтарин воиз ва хатиби динӣ маҳсуб мешавад.
Ваъз дар ислом
вироишВаъз аз оғози ислом дар миёни мусулмонон низ маълум буд. Паёмбар (с) ва хулафои рошидин зимни хутбаҳое, ки ба муносибате эрод мекарданд, хусусан пас аз намози ҷумъа, ваъз мегуфтанд. Минбаъд ваъз як ҷузъи таркибии хутбаи рӯзи ҷумъа пас аз ҳамди Худо ва наъти Расул (с) гашт. Аз нимаи дуввуми асри 1 ҳ. дар шаҳрҳои бузурги исломӣ, хусусан дар Куфа ва Басра, зоҳидону обидон дар масҷидҳои ҷомеъ ба ваъз мепардохтанд, ки Ҷоҳиз номи иддае аз онҳоро дар «ал-Баён ва-т-табйин» овардааст. Пас аз онҳо маҷлисҳои ваъз аз тарафи уламо, фақеҳон, мударрисон ва бузургони суфия низ доир мегардид. Аз ҷумла, маҷлисҳои ваъзи Абулқосими Қушайрӣ маъруф ва машҳур буд, ки ҳангоми иқоматаш дар Бағдод дар қасри халифа барпо мешуд. Писари ӯ Абдурраҳими Қушайрӣ низ аз воизони бузург буд. Ӯ дар мадрасаи Низомия ваъз мегуфт. Ба маҷлисҳои ваъзи ӯ аҳли зимма ҳам ҳозир мешуданд ва дар натиҷа баъзеи онҳо ба ислом мегаравиданд, шахсони бадрафтору зишткирдор афъолу аъмоли ношоистаи худро тарк карда, ҳидоят меёфтанд. Баъзан маҷлисҳои ваъз чунон пуршӯр мешуданд, ки мардум аз ғояти шавқу ҳаяҷон ба ваҷд ва гиря меафтоданд. Гоҳе аҳли зуҳду салоҳ дар бозорҳову майдонҳо мардумро ба даври худ ҷамъ мекарданд ва панд медоданд. Баъзе аз онҳо ин амрро василаи ризқу рӯзии худ қарор дода буданд. Дар «Мақомот»-и Бадеъуззамони Ҳамадонӣ ва «Мақомот»-и Ҳарирӣ саҳнаҳои дилкаше аз ин гуна маҷлисҳо нақл шудааст. Ҳофиз ҳам дар ин маврид ишораҳо дорад. Аз ҷумла:
Инон ба майкада хоҳем тофт з-ин маҷлис,
Ки ваъзи беамалон воҷиб аст нашнидан.
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.Ҳофиз
Гоҳе маҷлисҳои ваъзи машоиху ва мутасаввифони бузургро менавиштанд; ин навиштаҳо бо номи «маҷолис» ва «амолӣ» маъруфанд. Китобҳои «Маориф»-и Баҳоуддин Валад ва «Маҷолиси сабъа»-и Ҷалолуддини Румӣ аз ин қабиланд. Дар оғози «Куллиёт»-и Саъдӣ низ чанд маҷлис нақл шудааст, ки зоҳиран маҷлисҳои ваъз будааст. Саъдӣ ба маҷлисҳои худ дар «Гулистон» ишора кардааст.
Тадриҷан доир намудани маҷлисҳои ваъз дар саросари кишварҳои исломӣ маъмулу марсум гашт. Барои мавъиза, воизон ва мавъузон (шунавандагони ваъз) шартҳое вазъ карда шуд, ки риояи онҳо матлуб буд. Аз ҷумла, ба эътибор гирифтани дараҷаи фаҳми оммаи мардум ва дар мавъиза истифода набурдани суханоне, ки барояшон номафҳум буда, ақлашон қабул надорад, бими он вуҷуд дорад, ки ҳангоми аз ҷониби онҳо нақл ё таъбир кардан сухани воиз таҳриф мегардад ё баръакси муроди аслӣ фаҳмида мешавад. Воиз бояд фасеҳ бошад, ба таври мӯҷазу фишурда ва ошкоро сухан гӯяд, вақти муайян ва фосиларо дар байни мавъизаҳо (масалан, ҳафтае як бор) риоя намояд, мункареро, ки наҳй мекунад ва чигунагии панд додани муртакиби онро бидонад, аз ҳоли мавъуз огоҳӣ дошта бошад, ки онро аз рӯйи ҷаҳлу нодонӣ ва ё дониста анҷом додааст, латифу бомурувват бошад, ба шафқат ва лутф, бе дағаливу ғазаб, балки бо назари раҳмкунанда бар вай бингарад. Чун Мусои пайғамбар амри сухани нарм гуфтан ба Фиръавн карда шуд (Қуръон: 20: 44), пас дигарон сазовортаранд бар ин, ки дар хитобу амри маъруфу каломашон ба ин фармудаи илоҳӣ иқтидо намоянд ва бо мардум ба нармӣ сухан гӯянд. Сухани нарм ҳам сухане аст, ки дар он тундиву дуруштӣ ва хушунат набошад. Аз одоби шунавандагони ваъз гӯш додан ба воиз ва бо ҳам сухан нагуфтану шухиву бозӣ накардан аснои мавъиза, дар рӯбарӯи воиз қарор гирифтан, бисёр суол накардан аз ӯ, балки агар тафсилоти масъалаеро донистан хоҳад, дар хилват ва алоҳидагӣ пурсидан арзёбӣ гардидааст.
Тибқи қонунгузорӣ ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ, аз ҷумла мавъиза, танҳо иттиҳодияҳои диние ҳуқуқ доранд, ки ба таври расмӣ дар мақомоти ваколатдори давлат ба дин ба қайд гирифта шудаанд; фаъолияти таблиғотии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», моддаи 4, қисми 10 ва моддаи 23, қисми 3). Дар Тоҷикистон асосан сархатибону имомхатибон аз минбари масҷидҳои ҷомеъ қабл аз намози ҷумъа ваъз мегӯянд. Дар баъзе кишварҳо ба ёрии воизон маҷмӯаҳои ваъзҳои мавзӯӣ барои ҳар рӯзи ҷумъа дар тӯли як сол («52 мавъиза») таҳия карда ва ба табъ расонида мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваъз / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.