Мавқеи ҳукмфармоӣ — мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, аст ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай имконият медиҳад ба шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад.

Мавқеи ҳукмфармоӣ, инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян шасту панҷ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор собит намояд, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишони зикршуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармой шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз шасту панҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, ҳамчунин андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва имконияти ба бозор дохил гардидани рақибони нав ё меъёри дигаре, ки бозори молиро тавсиф мекунад, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 267