Мағзча

(Тағйири масир аз Магзча)

Мағзча - (лот. cerebellum) ё майнача, як қисми мағзи сари ҳайвонҳои муҳрадор ва одам. Мағзча дар координатсияи ҳаракат, ҳифзи ҳолату вазъи ҷасади одам ва ҳайвон, тонус ва мувозинати бадан иштирок мекунад.