Магний (Mg) МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев, рақами ат. 12, массаи ат. 24,305. М.-и табиӣ аз 3 изотопи собит – 24 Mg (78,60%), 25 Mg (10,11%) ва 26 Mg (11,29%) иборат аст. 3 изотопи радиоактивии сунъиаш – 23 Mg, 27 Mg, 28 Mg низ ҳосил карда шудааст. М.-ро дар шакли хока с. 1808 Г. Дэви ҳангоми электролизи магнезияи тар дар катоди симобӣ ва тақтири амалғамаи дар натиҷаи он ҳосилшаванда кашф кардааст. М. 2,10%-и массаи қишри Заминро ташкил мекунад. Дар табиат доломит, форстерит, магнезит, карналлит барин даҳҳо минералҳои силикатӣ, карбонатӣ, сулфатӣ, хлоридӣ, фосфатии М. мавҷуданд. Оби баҳрҳо то 0,38% ва оби баъзе кӯлҳо то 30% хлориди магний доранд. М. металли нуқратоб, нарми ёзанда ва сабук аст. Зичиаш 1739 кг/м3 (дар 200С); t гуд. 6510С; t ҷӯш. 11070С. М. дар ҳамаи пайвастҳояш 2-валента аст. Вай металли фаъол буда, дар ҳаво бо пардаи тунуки оксид пӯшида мешавад; ҳангоми сахт тафсондан (600 – 6500С), бо шуълаи чашмхиракунанда сӯхта оксиди магний (MgО) ва қисман нитриди магний (Mg3N2) ҳосил мекунад. Бо оби хунук ба реаксия намеравад, аммо аз буғи об (дар 4000С) гидрогенро хориҷ менамояд. М. аксарияти металлҳоро аз маҳлули обии намакҳояшон фишурда мебарорад; бо маҳлули сероби кислотаҳои минералӣ бо осонӣ ба реаксия меравад. М. ҳангоми тафсонидан бо гидроген, нитроген, сулфур, галлогенҳо, карбон, силитсий, фосфор ва диг. элементҳо пайваст шуда гидрид, галлогенид, сулфид, карбид, силисид, фосфид ва ғ., инчунин бо моддаҳои органикӣ пайвастҳои металлоорганикӣ, бо металлҳо хӯлаҳои сабук ҳосил мекунад. М. яке аз элементҳои ҳаётан зарури организм аст. Консентратсияи вай дар таркиби баъзе обсабзҳо то 3%, фораминиферҳо то 3,5%, исфанҷҳои оҳакӣ то 4% мешавад. Дар хлорофили набототи рӯи Замин тахминан 100 млрд т М. мавҷуд аст. М.-ро организми ҳайвону одам ба воситаи хӯрок мегирад. Эҳтиёҷи шаборӯзии одам ба М. 0,3 – 0,5 г аст. Миқдори нормалии М. дар хун 4,3 мг% буда, ҳангоми зиёд шудани он серхобӣ, беҳиссӣ ва баъзан фалаҷи мушакҳои скелет мушоҳида мешавад. Ҳангоми норасогии М. мӯътадилии ангезиши системаи асаб, кашишхӯрии мушакҳо вайрон мегардад. М.-ро дар техника асосан бо роҳи электролизи хлориди М. ё карналлити беоб, инчунин бо усули металлотермӣ ё карботермӣ ҳосил мекунанд. М. дар пиротехника, металлургияи истеҳсоли хӯлаҳо, ҳосил кардани ванадий, титан, уран, сирконий, чӯяни сахт, инчунин техникаи атом, тиб, кишоварзӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад. Қисми зиёди М. дар таркиби бофтаи устухон ҷо гирифтааст. Дар плазмаи хун, дар эритроситҳо ва бофтаҳои нарм М. асосан дар ҳолати ионӣ вуҷуд доранд. Як миқдори он бо сафедаҳо, махсусан сафедаҳои ферментӣ пайваст шудааст. М. барои фаъолияти баъзе ферментҳо комилан зарур аст. Дар сурати ба ҳайвонот хӯрондани хӯроке, ки намаки М. надорад, фаъолияти дил ихтилол ёфта, ташаннуҷ пайдо мешавад. Агар ба хун миқдори зиёди намаки М. гузаронида шавад, ҳолати беҳушӣ рӯй медиҳад. Таъсири боздорандаи ионҳои М.-ро ба асабия бо роҳи ба хун гузаронидани намаки калсий бартараф мекунанд. Аҳамияти биологии М. боз дар он аст, ки ангезиши асабияро мӯътадил мегардонад. М. рагҳоро васеъ, ихроҷи талхаро зиёд мекунад, бинобар ин бисёр пайвастҳои М. (мас. сулфати магний, аскорбинати магний, тиосулфати магний ва ғайра)-ро чун дору истифода мебаранд. Дар асоси таҷриба муқаррар кардаанд, ки дар аснои нарасидани М. дар девораи рагҳои калон, мушакҳои дил ва скелет миқдори калсий меафзояд. М. дар лӯбиё, ярмаи сулӣ, ярмаи марҷумак ва нахӯд вуҷуд дорад. Дар маҳсулоти гӯшту шир миқдори М. кам аст. Эҳтиёҷоти организми одам ба М. асосан аз ҳисоби магнийе, ки дар таркиби хӯрокворӣ ҳаст, қонеъ карда мешавад; эҳтиёҷоти организми ҷавон ба М. зиёд аст. Одами калонсол бояд ҳар рӯз 500 мг М., зани ҳомила 925 мг, модари синамакон 1250 мг, кӯдакон аз 140 мг (3-сола) то 530 мг (14 – 17-сола) истеъмол кунанд. Миқдори М. дар зардоби хуни одам аз рӯи меъёр 1,6 – 2,9 мг% аст. Карбонати магний (Magnesii subcarbonas) – ро ба калонсолон 1 – 3 г, ба кӯдакони то 1-сола 0,5 г, ба кӯдакони 2 – 5-сола 1 – 1,5 г, ба кӯдакони 6 – 12-сола 1 – 2 г рӯзе 2 – 3 маротиба мефармоянд. Онро ғайр аз истеъмол кардан метавон ҳамчун хока ба пӯст молид (зарура). Дар шакли хока ва қурс истеҳсол карда мешавад. Он дар таркиби қурсҳои «Викалин» ва «Викаир» низ мавҷуд аст. Пероксиди магний (Magnesii peroxydum)-ро пеш аз хӯрок ё баъди он таъйин мекунанд (барои калонсолон 0,25 – 0,5 г рӯзе 3 – 4 маротиба). Дар шакли хока истеҳсол карда мешавад. Сулфати магний (Magnesii sulfas), намаки англисӣ, намаки талх, давои мусҳил буда, онро шабона ё нимсоат пеш аз хӯрок таъйин мекунанд (барои калонсолон дар 50 мл об 10 – 30 г). Ҳамчун давои талхарон калонсолон маҳлули 20 – 25%-и онро рӯзе 3 маротиба истеъмол менамоянд.

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Магний дорад


  1. Rumble, p. 4.61
  2. Bernath, P. F. (1985). «The spectrum of magnesium hydride». Astrophysical Journal 298. doi:10.1086/163620. Bibcode1985ApJ...298..375B.
  3. Rumble, p. 12.135
  4. Rumble, p. 12.137
  5. Rumble, p. 12.28
  6. Rumble, p. 4.70
  7. Gschneider, K. A. (1964). Physical Properties and Interrelationships of Metallic and Semimetallic Elements. Solid State Physics 16. p. 308. ISBN 9780126077162. doi:10.1016/S0081-1947(08)60518-4. 
  8. 8.0 8.1 8.2 Rumble, p. 4.19