Фарҳанг

(Тағйири масир аз Маданият)

Фарҳанг (форсӣ: فرهنگ‎) — як мафҳуми густурда шомили боварҳо, арзишҳо ва рафторҳоест, ки мутобиқи арзишҳои иҷтимоъӣ ва ҳинҷорҳои мавҷуд дар ҷавомеи башарӣ матраҳ шудааст. Фарҳанг ҳамчунин шомили маҷмӯае аз донишҳо, боварҳо, ҳунарҳо, қавонин, одоб ва русуми иҷтимоӣ ва одатҳои афрод дар як гурӯҳ ва ё дар як ҷомеа мешавад.