Ҷазираи Мадейра (порт. Madeira – ҷангал) – гурӯҳи ҷазираҳои вулканӣ.

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар уқёнуси Атлантик (калонтаринаш ҷаз. Мадейра, баландияш то 1862 м, кӯҳи Пику-Руйву), дар наздикии соҳилҳои ҷанубу ғарбии Африқо ҷойгир аст. Ҳудуди Португалия. Масоҳаташ 797 км2. Иқлимаш уқёнусию баҳримиёназаминӣ. Ҳарорати миёнаи январ тақр. 160 С, июл 250С. Боришоти солона 740 мм. М.- ро асосан гармдаштҳои субтропикӣ ва кӯҳҳои онро бешаҳои дарахтони ғор (лавр) фаро гирифтаанд. Дар М. кишоварзии гармсерӣ рушд кардааст: токпарварӣ, шаробпазӣ. Осоишгоҳҳои зимистонаи Фуншал, Камаша ва ғ. дорад. Шаҳр ва бандари асосии М.  – Фуншал (дар ҷаз. Мадейра). Соли 1419 ҷаз. Порту Санту ва галаҷаз. Мадейраро баҳрнавардони португалӣ Ж. Гонсалвиш Зарку ва Т. Ваш Тейшер кашф кардаанд. Футболбози машҳур – Криштиану Роналду дар ш. Фуншали ҷаз. Мадейра таваллуд шудааст.

 
Харитаи топографии ҷазира
 
Сурати ҷазира. Сурати NASA
 
Тасвири 3D ҷазира
 
Ҷангалҳои маъмулӣ
 
Намои Фуншал дар ҷазира

Қайдҳо

вироиш

Пайванд

вироиш