Мадохил
МАДОХИЛ, яке аз бостонтарин навъҳои нақш дар санъати ороиши амаливу меъмори Осиёи Миёна. Дар Хуросону Мовароуннахр Мадохил шаклҳои гуногун дошта дар кандакории рӯи чӯб (аксаран дар сутуну арақа ва сақф), гаҷ, мисгарӣ ва сангтарошӣ фаровон ба кор бурда мешуд, вале маъмулан Мадохил хоси ороиши хошияҳои мунаққаш буд. Мадохил аслан шакли гули лола дорад ва дар ҳолати такроран паи хам омадани ин нақш номи «лоламадохил» мегирад. Харчанд нақши лолаи сегуша баъзан ба: нақши панҷ ё ҳафтгӯша табдил ёбад ҳам, номи нақш дигар намешавад. Дар санъати кандакории (наҷҷорӣ) асрҳои 19 ва ибтодои садаи XX наълинҳоро ба усули «яккамадохил» ва ё «кушмадохил»-оро медоданд. «Яккамадохил» ба шакли нимлола ва «Кушмадохил» ба шакли ду нимлолаи чапу рост ме-бошад. Чунин нақшхо дар масчид ва айвони мадрасаҳои водии Фарғона, Зарафшон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна фаровон ба кор рафтаанд.