Мадрасаи Абдуллоҳхон
(Тағйири масир аз Мадрасаи Абдуллохон)
МАДРАСАИ АБДУЛЛОХОН, ёдгории меъморӣ дар Бухоро. Дар аҳди Абдуллохони II солҳои 1588—1590 бино ёфтааст. Рӯ ба рӯи Мадрасаи Модари Хон вокеъ аст. Сохтмонаш аз дигар мадрасаҳои анъанавӣ тафовут дорад. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳо иҳота намудаанд. Ду пештоқ дошта, пештоқи калони он, ки рӯ ба ҷануб аст, кошикорӣ шудааст. Дарсхонаву масчид асоси мадрасаро ташкил дода, дар атроф хонакоху иморатҳои дигари гуногунҳаҷм ҷой гирифтаанд. Ду тарафи пештоқ ва гулдастаҳо хеле хуб оро ёфтаанд. Дар сохтмони ёдгорӣ пӯшишҳои мураккаби гунбазиро ба кор бурдаанд. Дарвозааш бо усули «гиреҳ» кандакорӣ шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |